Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ШАБЕ ДУР АЗ ВАТАН». Намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ гардид

    «ШАБЕ ДУР АЗ ВАТАН». Намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ гардид

    2023-11-17
    168

    Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Ҷашнвораи IV байналмилалии театрии «Санъати театрӣ  дар марҳилаи хушбахтӣ», ки аз 14 то 16 ноябр дар шаҳри Ашқобод ва шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор шуд, бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок намуд, ки он  аз ҷониби тамошобинон беҳтарин намоиши ин ҷашнвора ҳисобида шуд. Чунин иброз намуд директори театр Сӯҳроб Мирзоев ба АМИТ «Ховар».

    Ҳамзамон дар  ҷашнвора гурӯҳҳои машҳури театрҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия бо намоишҳои ҷолиб иштирок доштанд. Иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии театриро бо оғози кор Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов табрик намуд.

    Мақсади асосии ҷашнвора мустаҳкам намудани робитаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалб намудани диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад.

    Ёдовар мешавем, ки «Шабе дур аз Ватан» аз намоишҳои маъруфи  Театри давлатии ҷавонон буда, онро коргардон Нозим Меликов аз рӯи асари шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия намудааст. Дар ин намоиш ҳунарпешагон Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшҳои асосиро иҷро менамоянд.

    «Шабе дур аз Ватан» аз ҷумлаи намоишҳое мебошад, ки то имрӯз дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ ва озмунҳо иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.

    Ин намоиш аллакай дар Қазоқистон, Русия, Молдова, Қирғизистон ва Афғонистон манзури тамошобинон гардонида шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ