Филми коргардони ҷавону умедбахш Муҳиддини Музаффар бо номи «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон намоиш дода мешавад.
Фестивали мазкур аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлдини Музаффар.ати Ҳиндустон баргузор мегардад.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки имсол дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Ҳунарманди кино Абдумумин Шарифӣ, ки дар филми мазкур нақши Қаҳҳорро иҷро намудааст, иброз дошт, ки баъд аз рунамоии ин филм дар кинотеатри калони Маскав то ҳол таҳти таъсир қарор дорад
филм дар киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳаҷми 1 соату 50 дақиқа ба навор гирифта шуда,муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.
Таи чанд рузи охир Филми "Дов дар кинотолори Ватан пешкаши ҳаводорони синамо мегардад.
Акс аз сомонаи "Тоҷикфилм"
Масъули сомонаи Муассисаи МД ТВ СИНАМО Муҳиддин Сулаймонӣ