Иқдоми таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давоми зиёда аз ду даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об ва иқлим пешниҳод, қабул ва амалӣ гардида, ба мавҷудияту рушди ояндаи ҷомеаи инсонӣ робита дорад, саривақтӣ аст. Зеро таърихи мавҷудияти зиёда аз шашҳазорсолаи табори ориёинажод, хосатан миллати тоҷик гувоҳ бар он аст, ки фитрати сириштии он ба созандагӣ моил буда, дар ин росто, зимни ҳалли ин ё он масъалаи миллӣ манфиат ва амнияти кулли инсоният дар мадди назар гирифта мешуд. Чунин баёни андеша намудааст Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оид ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим.
Дар радифи дигар бойигариҳои маънавиямон аз ҳикмати бузург ва илман асосноки муносибати мутаносиб ва мутавозини инсону табиат бояд андеша ронд. Ин масъала аз ҷониби мутафаккиронамон дар аҳди бостон ва асрҳои миёнаву замони нав аз лиҳози назариявӣ коркард ва дар доираи имконияти мавҷуда қисматҳои муҳими он, аз ҷумла марбут ба табиати худи инсон ва чор унсури асосии ҳастии олам- обу оташу хоку ҳаво, то ҷое амалан низ исботи худро пайдо намудаанд. Махсусан, вобаста ба муносибати ҳасана ва эҳтиёткорона ба ин чор неъмати бебаҳо дар сарчашмаҳои фарҳангии мо, аз ҷумла, китоби «Авасто» ба таври равшан андешаронӣ шуда, қоидаҳои муносибат таҳия гардидаанд. Махсусан таъкид бар он мешавад, ки ифлос намудани онҳо гуноҳ ва ҳифзашон масъулият дониста мешавад. Ин ҳикматро ҳазорсолаҳо миллат ҳамчун рамзи фарҳангию ахлоқӣ дар хотираи таърихии худ нигоҳ дошта, онро аз насл ба насл дода, то замони мо оварда расонд.
Бо рушду инкишофи соҳаи саноат, технологияи гуногун, алалхусус шуруъ аз асрҳои миёна талаботи инсоният ба ҳама гуна неъматҳои табиӣ бамаротиб зиёд шуда, истихроҷ, истеҳсол ва истеъмоли онҳо хусусияти идоранашаванда касб намуда, дар асри 21 инсониятро бо мушкилоти рақами як, яъне экологӣ рӯ ба рӯ намуд. Партофти ифлосиҳои гуногуни химиявию истеҳсолӣ ба атмосфера ҳарорати муқаррарии онро баланд мебардорад, ки дар натиҷаи гармии бесобиқа яху пиряхҳо об, сатҳи обҳои ҷаҳонӣ баланд, хушксолӣ ва теъдоди офатҳои табиӣ зиёд гашта, ҳамасола хисороти калони молиявию моддӣ ва ҷонӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамаи ин ва дигар омилҳои хатарзои тағйири иқлим инчунин масъалаҳои марбут ба маъмурият, идоракунӣ, тақсимоти оқилонаву одилона ва ҳифзи яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти ҳаёт- обро ба инобат гирифта, дар заминаи хиради азалӣ, нозукбинӣ ва дурандешии олимона Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаҳои ҳифзи табиат, муносибати мутавозину одилона ба неъматҳои табиӣ ва ҳалли ҳар чӣ тезтару натиҷабори масоили марбут ба об таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Роҳбарияти олии мамлакат қариб даҳ сол афкори элитаи сиёсӣ ва молиявии сатҳи ҷаҳониро барои қабули санадҳои муҳим, ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассиру таъхирнопазир вобаста ба ҳалли мушкилоти иқлим ва об омода намуда, дар ин ҷода чандин музокира, вохӯрӣ, нишастҳо ва дигар тадбирҳо доир намуда, маърузаю ҳисоботро ироа ва пешниҳод сохтанд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 иқдоми таърихии навбатии байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди масоили соҳаи иқлиму об пазируфта, тибқи ин қатънома соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, шуруъ аз соли 2025 рӯзи 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳисобида мешавад. Инчунин дар асоси ин қатънома Хазинаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.
Дар Тоҷикистон 60 фоизи манбаъҳои оби минтақа ташаккул меёбад ва бояд гуфт, ки ҳамин миқдор сарчашмаҳои обии Ватанамон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд. Кӯли Сарез зиёда аз 17 миллиард метри кубӣ оби мусаффои ошомиданӣ дорад. Яке аз бузургтарин кӯли минтақа- Қаракӯл дар ҳудуди вилоят ҷойгир буда, дарёи Панҷ аз манбаъҳои захираи бузурги обӣ дар минтақа ба шумор меравад. Ба ҷуз ин, пиряхи калонтарини дар хушкӣ мавҷуда- Федченко дорои захираи калони оби ошомиданӣ мебошад. Дар радифи ин, садҳо кӯли ҳаҷман калону хурд ва дарёю рӯдхонаҳои дигар бойгарии табиии миллии мо ба ҳисоб рафта, чашмаҳои дорои оби тоза ва гармчашмаҳои табиӣ, ки оби онҳо ҳам барои табобат ва ҳам барои ошомидан мувофиқ аст, имрӯз ниёз ба истифодаи оқилона, коркард ва ҳифз доранд. Зеро, таъсири хатари глобалии экологӣ ба иқлим ва табиати Бадахшон низ расида истодааст. Тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон солҳои охир 1000-тои онҳо нобуд гаштаанд. Дар ин росто, пиряхи бузурги Федченко низ қисмати муайяни захираи худро аз даст дод. Мутаассифона, ин раванд идома дорад.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар масоили марбута дар суханрониҳояшон бобати истифодаи оби кӯли Сарез аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обӣ кам намудани истифодаи дигар манбаъҳои энергетикии зараровар ва пешгирии роҳи обшавии пиряхҳо, инчунин тавассути сохтмони онбанборҳо захира намудани об ва дигар масоил пешниҳодҳои муфид намуда, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, амалан Тоҷикистон, корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси ҳидоятҳои мушфиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи стратегия ва барномаҳои қабулгардидаи марбута бобати истифода ва идораи оқилонаи захираҳои обӣ ва умуман бойигариҳои табиати биҳиштосо корҳои муайянро анҷом медиҳад. Пеш аз ҳама, барои таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ гашта, кор дар ин самт давом дорад.
Вобаста ба таҳкими таҳкурсии энергияи «сабз» дар вилоят сохтмони неругоҳҳои обӣ ва офтобӣ васеъ амалӣ шуда, бо мақсади бунёди боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалҳо ҳамасола ҳазорҳо бех ниҳол шинонда мешаванд.