Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд

    2023-12-14
    233

    14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

    Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

    Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

    Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят карданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ