Дар сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия ҳамчун давлати иҷтимоӣ маҳсуб шуда, ҷиҳати таъмини сатҳи зиндагии арзандаи шаҳрвандон ва инкишофи озодонаи онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона месозад. Чунин нигоштааст дар мақолаи хеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст.
— Махсусан Президенти Тоҷикистон дар ҳар суханрониву баромадҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин дар ҳар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ доир ба зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор доштани масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбинӣ намудани кафолату имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ибрози назар ва таъкидҳо менамоянд.
Аз ҷумла, яке аз бахшҳои муҳимму афзалиятнокро низ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъмини афзалиятноки масъалаҳои иҷтимоӣ ташкил менамояд.
Тандурустӣ. Ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониву дастрасии бемамониати шаҳрвандони мамлакат аз онҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат равона гардида, самти афзалиятноки онро сатҳи баланди дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, дар маҷмуъ рушди соҳаи тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми саломатии миллат ташкил медиҳад.
Ташаккул ва рушди соҳаи тандурустии мамлакат, билхоса бо дастгириву ташаббус ва дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат рушд намуда, давра ба давра дар тамоми минтақаҳои мамлакат муассисаҳои тандурустии бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардонида, инчунин сатҳи беҳтари хизматрасониҳои тиббӣ таъмин шуд. Дар ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат як ва ё якчанд муассисаҳои тандурустиву таълимии тиббӣ мавриди ифтитоҳ ва истифодаи умум қарор дода мешавад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд».
Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии мамлакат бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.
Ин нишондод аз муваффақияти назарраси соҳаи тандурустӣ ҳатто дар сатҳи ҳудудҳои маъмурии мамлакат маҳсуб мегардад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар ин давра шумораи фавт ба ҳисоби 1000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар дар соли 1991 то 3 нафар дар соли 2023 паст гардидааст.
Президенти Тоҷикистон ҳамзамон таъкид доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.
Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.
Давоми солҳои охир, бахусус дар заминаи ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, вобаста ба афзоиши тадриҷии маҷмуи маҳз марҳила ба марҳила, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ андозаи нафақа, маоши кормандони мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин стипендияҳо баланд бардошта шудааст.
Махсусан дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат иброз гардид, ки дар баробари ин, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш медиҳам:
– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Маориф. Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин радиф, соҳаи маориф авлавияти бештарро касб намуда, ҳамчун омили муҳимми бунёди миллати мутамаддин маҳсуб мегардад.
Бо истифода аз таваҷҷуҳ Президенти Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, ки «рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».
Дар ин робита, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Қобили тазаккур аст, ки ба рушди бемайлони муассисаҳои таълимӣ, таъминоти омӯзгорон, дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ, дар маҷмуъ рушди соҳаи маориф дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат диққати аввалиндараҷа равона шудааст.
Президенти мамлакат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат ишора намуданд, ки «соли 2017 низоми маорифи мамлакат 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст». Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад, таъкид намуданд Пешвои миллат.
Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 давлати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Хотирнишон шуд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Ба таъкиди Пешвои миллат дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин замина, бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои гуфташуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин шавад, иброз доштанд Пешвои миллат.
Ҳамчунин, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадор гардиданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода намудани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намояд.
Фарҳанг. Давоми солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла, Қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию-фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти муҳим амалӣ гардиданд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Ҳамзамон супориш доданд, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.
Занон. Дар Паёми навбатӣ доир ба сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати Президенти мамлакат равона гардид.
Ҷаноби Олӣ қадру қимати занро ҳамчун модар дар ташаккули ҷомеа ва тарбияи фарзандон дар оила нишон дода, қадри онро ҳамчун як ҷузъи нозуку ҳассостарин ва бо баробари ин як инсони пурқудрат арзёбӣ намуданд. Муайян аст, ки имрӯз дар мамлакат соҳаҳое нестанд, ки барои афзалиятноки пешрафти дар он мавқеи занон хуб ба назар нарасида бошанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастгириҳои занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.
Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи ин талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ бар дӯш дорад.
Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.
Баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат иброз намуданд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат намуда истодаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи мамлакат ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Имрӯз занону духтарони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Дар баробари ин, бобати тақвияти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занону бонувон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароит фароҳам оварда шуда истодааст. Махсусан ин раванд дар шаҳри Душанбе зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ба занону бонувон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бахусус дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани занону бонувон аз ҷониби роҳбарияти пойтахти кишвар иқдомҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҳамина замина, Пешвои миллат таъкид ба амал оварданд, ки «ман аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмин кардан бо шумораи зиёди занону мардон бо ҷойи кори доимӣ миннатдории самимӣ мерасонам».
Бояд иброз намуд, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Пешвои миллат махсусан зикр намуданд, ки «бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».
Маърифати ҳуқуқӣ заминаи устувори волоияти қонун
Дар марҳилаи муосири рушди давлатдорӣ аз ҷумлаи санадҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва барномавӣ, ки он дар ҳаёти давлатӣ-ҳуқуқии мамлакат, бахусус баланд гардонидани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушду нумўи қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандўстиву хештаншиносии шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим мегузорад, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
Маҳз ин ҳуҷҷати барномавӣ дар шароити кунунии раванди ҷаҳонишавӣ ва авзои зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир ҳамчун сарчашма ва заминаи асосии муайянсозандаи рушду нумуи соҳаҳои гуногунии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ва дар ин замина, ин санади барномавӣ ба таҳкими ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, меҳандўстӣ, ватандўстӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мусоидро фароҳам меовардад.
Бахусус дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бо мақсади таъмин ва амалӣ гардидани волоияти қонун ҳамчун василаи муҳими татбиқи қонунгузории мамлакат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон махсус таъкид шуд.
Дар баробари таҳлилу натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои сиёсиву амниятӣ ва ҳуқуқиву қонунгузорӣ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намуданд.
Таъкид ба амал оварда шуд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Ҳадафи мо навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.
Таъкид шуд, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.
Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Воқеан тибқи муқаррароти Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёдро мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, яъне маърифати ҳуқуқии комил ташкил менамояд.
Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, маърифати ҳуқуқӣ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо маърифати сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари маърифати инсон бояд анҷом дода шавад. Маърифати ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Маърифати ҳуқуқӣ – маҷмуи арзишҳо ва донишҳои ҳуқуқиест, ки барои боз ҳам баланд бардоштани дарку эҳсоси волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, адолати судӣ, сифати қонунгузорӣ ва дар ҳаёти ҳуқуқӣ ҳамаҷониба татбиқ ва густариш додани донишҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти меъёрҳои конститутсионӣ нигаронида шудааст.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар ва кафолат дода шудааст.
Ҳамчунин, бо дар назар доштани таҷрибаи давлатҳои пешқадам, инчунин стандартҳои ҷаҳонии моделҳои самарабахши маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвар якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, махсусан дар шакли барномаҳои давлатӣ таҳия ва қабул карда шудааст.
– фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ»;
– Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасдиқ шудааст;
– Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №253 тасдиқ шудааст;
– Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 тасдиқ шудааст;
– Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ карда шудааст;
– Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 тасдиқ шудааст;
– Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст.
Рушди сиёсати ҳуқуқӣ дар пасманзари 30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Қобили зикр аст, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини устувору татбиқи воқеии он вобастагии амиқ дорад.
Маҳз Истиқлолияти давлатӣ самара гузошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бунёд гардида, ташаккул ёбад, рушд намояд ва мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои ҳалталаби глобалӣ созгор гардад. Чунин раванд бевосита бо дарназардошти устувории сиёсати ҳуқуқӣ, таъмину татбиқи самараноки он, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ба вуҷуд омадааст.
Дар ҳамина замина, қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи давлати Тоҷикистон ва низоми қонунгузорӣ замина гузошт.
Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишвар фарогир буда, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила таҳкими фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун рушд намуда, яке аз воситаҳои муҳим дар такмили он маҳз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомотҳои ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомотҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад».
Сарчашмаи марказии сиёсати ҳуқуқии мамлакатро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Вобаста ба ин, мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавӣ (бунёдӣ)-и он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 405 санадҳои қонунгузорӣ (1 — Конститутсия, 17 — қонунҳои конститутсионӣ, 21 — кодексҳо, 22 — қонунҳо дар бораи авф, 25 — қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва 319 қонунҳои дигар) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.
Дар баробари ин, дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ зиёда аз 17 000 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардиданд, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия ва 964 шартнома ва созишномаҳои байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Агар ба масъалаҳои танзими қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули Конститутсия назар афканем, қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои алоҳида бештар ба масъалаҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буданд (ба монанди, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи авф» ва ғайра). Айни замон бошад, ташаккул ва рушди низоми қонунгузорӣ бештар ба самти таъмини фазои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ғайра равона гардидааст.
Дар умум, таҳлили Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишварро, махсусан дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ равона гардида, ба таъмини рушди низоми қонунгузорӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ мусоидат хоҳад кард.
Банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии сиёсати давлатӣ дар заминаи Паёми Президенти Тоҷикистон
Яке аз ҷузъҳои муҳим ва авлавиятдоштаро дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайра ташкил менамояд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат банақшагирии самти иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи махсус равона шуда, ишора гардид, ки «солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».
Дар ҳамин замина, Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.
Ҳамчунин бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ низ муваззаф гардиданд, ки дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Мавриди таваҷҷуҳ қарор додани ин самт бо назардошти захираву имкониятҳои мамлакат дар Паёми Президенти Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидати амиқ намуда, дурнамои рушд ва таҳкими низоми иқтисоди кишварро таъмин менамояд.
Пешвои миллат таъкид ва зарур шумориданд, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки доир ба ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ҳамчунин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои баланд бардоштани имкониятҳои сармоягузорӣ ба кишвар стандартҳои миллии экологиву иҷтимоӣ ва идоракуниро дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳия намоянд.
Дар Паёми навбатӣ Президенти мамлакат ба масъалаҳои канданиҳои фоиданок ва дигар масъалаҳои геологӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки Саридораи геология бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии мамлакат, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳар чи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ қабул ва амалӣ намудани барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардид.
Ҳамзамон, дар асоси таъкиду таҳлилҳои Пешвои миллат таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд кунем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим Роҳбари давлат таъкид месозанд, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.
Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне сол то сол бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст.
Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад.
Дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, ки доир ба онҳо Президенти мамлакат ибрози назар намуданд ин Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 мебошад. Зикр карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта, мусоидат менамояд.
Дар асоси таъкидҳои Пешвои миллат ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар ин замина, таъкид ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти ҳамчун масъалаҳои муҳимтарин қарор доштани дастгирии давлатии ҷавонон дар сиёсати Ҳукумати мамлакат «зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои кор бо ҷавонон қабул карда шаванд».
Дар маҷмуъ, қабули ҳуҷҷатҳои болозикр ва роҳандозии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии сиёсати давлатӣ дар заминаи Паёми Пешвои миллат метавонад дар оянда ҷиҳати рушди низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар заминаи мусоидро ба миён орад.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа