Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Намоиши «Зол ва Рудоба» дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Эрон иштирок менамояд

    Намоиши «Зол ва Рудоба» дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Эрон иштирок менамояд

    2024-01-04
    284

    Намоиши «Зол ва Рудоба» барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхат гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

    Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва басаҳнагузории Ҷумъа Қуддус нахустин маротиба  дар Фестивали байналмилалии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

    Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири лирикии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайян дорад.

    Ёдовар мешавем, ки ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок  намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

    Таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан насли наврасу ҷавон мебошад.

    Бунёди бинои наву замонавии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ дар шаҳри Бохтар бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театрҳои касбии вилоят маблағгузорӣ намудани давлат ба рушди театри миллии тоҷик мусоидат менамояд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ