Тоҷикистон соли 2024 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО Мирзошариф Абдусаломов иттилоъ дод.
Ӯ иброз дошт, ки «имсол дар назар аст, ки номинатсияи «Хутали қадим»-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод намоем, ки ин ёдгориҳо шомили «Қалъаи Ҳулбук», «Шаҳристони Ҳулбук», «Манзартеппа», «Қасри шоҳони Хутал» дар ноҳияи Восеъ, ёдгории «Золи Зар», мақбараи «Мавлоно Тоҷиддин» дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир (ноҳияи Фархор), «Хишттеппа» дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории «Шоҳи Хомӯш» дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии «Аҷинатеппа» дар ноҳияи Вахш ва шаҳраки Ҳалевард- Кофирқалъа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд».
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, соли 2023 барои кормандони соҳаи фарҳанг соли пур аз дастовардҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки «бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад».