Тавре қаблан иттилоъ додем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.
Ин иқдом ба он вобаста аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад- ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Воқеан, «Шоҳнома» ё «достони шоҳон» ҳазор сол муқаддам навишта шуда буд, ки фоҷиа ва шодии ҳастии башарро бо достонҳои аҷиби ишқ, талафот, фиреб, саргузашт, қаҳрамонҳо ва зиддияти қаҳрамонҳо тасвир намудааст. Ин китоб давоми садсолаҳо ҳамчун асари классикии раднашаванда арзи ҳастӣ намуд, аммо имрӯз чанд нафар нусхаи ин китобро дорад ё воқеан онро хондааст?
«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бузургтарин асари бадеӣ аст, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ мебошад. Он зери нуфузи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, истиқлолҷӯӣ ва фарҳанги бузурги Ориёи паҳновар навишта шудааст ва ифтихори миллии тоҷикон-эрониёнро бо эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардум пайваст сохтааст. Ватан ва васфи он шарифтарин ғоя барои мардуми бузурги бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик аст. Аз «Шоҳнома» дида, баландтар баёни эҳсосоти ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар адабиёти тоҷик вуҷуд надорад.
«Шоҳнома» ба далели маъруфияти беандозаи достонҳо ва қаҳрамонони худ, инчунин тасвири онҳо дар доираи васеи расонаҳо манзараи панорамии нақши форсҳоро давоми беш аз 1000 сол пешкаш менамояд.
Аввалин тасвирҳои боқимондаи марбут ба достонҳои «Шоҳнома» деворнигораҳои «Рустамнома» буда, аз Панҷакенти қадим (Тоҷикистони имрӯза) пайдо гардидаанд ва онҳо марбут ба асрҳои VII-VIII мелодӣ мебошанд. Яъне, ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин достонҳо пеш аз таснифи «Шоҳнома» аз ҷониби Абулқосим Фирдавсӣ арзи ҳастӣ доштаанд.
Ҳарчанд «Шоҳнома» пас аз анҷоми он дар соли 1010 ба куллӣ аз саҳнаи адаб нест нашудааст, аммо дар ду садсолаи оянда дар истинодҳои ҷудогона ба Фирдавсӣ ё иқтибосҳои мухтасар аз осори ӯ дар дасти мо танҳо нишонаҳои зудгузари мавҷудияти он мушоҳида мешавад. Аввалин матни Фирдавсӣ аз нусхаҳои 200 сол пас аз марги ӯ ба даст омадааст. Маълум аст, ки танҳо се нусхаи дастнавис то охири асри XIII боқӣ мондааст- нусхаи нопурраи соли 1217, матни пурраи соли 1276 ва нусхаи сеюми таърихӣ бе сана мебошад.
Чор сол қабл ҷаҳон аз 1010-солагии анҷоми эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки тақрибан нисфи умри худро ба навиштани ашъори худ сарф намудааст ё он чиро, ки гоҳе дар Аврупо ҳамчун энсиклопедияи фарҳанги форсӣ ё Инҷили форсӣ дар даврони тиллоии худ медонанд, таҷлил намуд.
Чун «Шоҳнома» 50 шоҳи Форсро (аз Каюмарс то Яздигурди III) дар бар мегирад, пас махзани бузурги маълумоти саҳеҳи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, Фирдавсии бузург ба тасвири сохти давлатдорӣ, умури ҳукумат, коргузорӣ, боҷгузорӣ, аҳволи мардумони табақаҳои гуногун, нигоҳдории сипоҳ, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Хусрави Анушервон тақрибан 5 ҳазор байт бахшидааст.
Ҷолибаш он аст, ки вожаҳои арабӣ дар «Шоҳнома» ба мисли осори дигари ҳамон давра ба чашм намерасанд. Ҳисоб шудааст, ки танҳо 2 дарсади вожаҳои «Шоҳнома» асли арабӣ будаанд. Аммо сабаби зиёд гардидани калимаҳои арабӣ дар нусхаҳои баъдинаи «Шоҳнома» — ин аз ҷониби котибон ба инобат гирифтани истифодаи васеи калимаҳои арабӣ байни мардум мебошад.
Дар ҳама давру замон шоҳону роҳбарони давлатҳо саъю талош намудаанд, то аз манфиатҳои иҷтимоиву фарҳангии мамлакати худ ҳимоя намоянд. Зимнан ҳисси баланди меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва муҳаббату садоқати Президенти Тоҷикистон ба Ватан буд, ки борҳо аз минбарҳои баланд ва бонуфузи созмонҳои ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои миллати тоҷик овоз баланд намуданд.
Дар робита ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз он чеҳраҳои барҷастаи майдони сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд, ки дар муаррифии ҳамаи осори таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла ҳифзи забон ва огоҳ будан аз дирӯзи пурифтихори миллати тоҷик пайваста иқдоми муҳим мегиранд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо бузургии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва безаволии «Шоҳнома»-ро борҳо таъкид намудаанд. Президенти Тоҷикистон давоми фаъолият зимни суханрониҳо 34 маротиба аз «Шоҳнома» иқтибос оварда, зиёда аз 80 маротиба номи шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсиро ба забон гирифтаанд. Ин аз сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон дарак дода, дар зинда нигоҳ доштани ном ва осори чеҳраҳои мондагор нақши муассир дорад.
Дар яке аз суханрониҳо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ бо муҳаббат ва ғурури ватандӯстона аз бузургӣ ва бостонӣ будани ин ойини ниёгон сухан гуфта, онро намунаи олии суннати пешиниён донистааст».
Ё ҷои дигар ёдовар шудаанд, ки «талошу пайкори беш аз сисолаи Фирдавсӣ дар нигориши «Шоҳнома» намунаи олии ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳӣ мебошад, ки бо тасвири таърихи пурифтихори давлату давлатдории ниёгони мо дами шамшери хунрези бегонагонро гирифт ва бо ситоиши тамаддуни чандинҳазорсолаи гузаштагон миллати моро аз хатари парешониву парокандагӣ раҳоӣ бахшид».
Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286-1368) андар эҷоди асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» чунин нигоштааст:
Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,
Кофирам, гар ҳеҷ кас аз зумраи форсӣ нишонд.
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду дар курсӣ нишонд.
Дастрасии шоҳасари безавол «Шоҳнома», ки ҳувияти миллии моро таъмин менамояд, ба ҳар фарди ҷомеа басе муҳим мебошад, зеро ҳадафи Фирдавсӣ аз эҷоди «Шоҳнома» ҳамин буд, ки миллати тоҷик аз таърихи пуршукуҳ ва пуршебу фарозаш огоҳ шавад, ба озодиву истиқлол бирасад, соҳиби давлати миллӣ ва ҳукмроне аз нажоди озодагон гардад. Албатта, ин орзуи фақат Фирдавсӣ набуд, балки дар ин ҷода Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Ал-Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Спитамен, Абумуслим, Муқаннаъ, Сунбоди Муғ, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Носири Хусрав, Дақиқӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва садҳову ҳазорон шахсиятҳои фидокор ҳам буданд.
Хушбахтона, ин орзуи Фирдавсӣ ва тамоми аҷдодони мо пас аз ҳазор сол амалӣ гардид. Бар сари миллати тоҷик Сарваре бо номи Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки бо такя ба миллату сарзамин Тоҷикистони соҳибистиқлолу озоду ободро бунёд ва орзуву ниятҳои ҳазорсолаҳо дар дил доштаи миллати моро амалӣ намуданд. Дар оянда нашр ва эҳдо гардидани «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба рушди мамлакат ва огаҳӣ пайдо намудани халқ аз таърихи гузаштагонамон равона гардидааст.
Албатта, китоби асил аз як насл ба насли дигар гузашта, омили тавонои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мегардад. Тоҷикон аз азал китобро басе азизу муқаддас ва муътабар медонистанд. Зеро назокати сухан, тарзи баёни фикр, тафаккури инфиродии ҳар шахс ба дониши андӯхтааш вобастагӣ дошта, ганҷинаи асосии он китоб мебошад.
Дар робита ба ин тақдими китобҳои «Тоҷикон» ва дар оянда «Шоҳнома» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба ҳар хонадони мамлакат анъанаи ниёконро дар робита ба китобу китобдорӣ эҳё намуд. Акнун ҳар оила соҳиби ду китоби бузурге мешавад, ки бо мутолиаи амиқи онҳо аз гузаштаи худ огоҳтар мегардад.
Дар ниҳоят дастраси тамоми мардуми ҷумҳурӣ намудани аввалан «Тоҷикон» ва баъдан «Шоҳнома» намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон нисбат ба имрӯзу фардои ҷомеа буда, ин китобҳо имконият фароҳам меоваранд, то қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия ёфта, барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди мамлакат ва ҳифзи ҳамаҷонибаи он саъю талош намоянд.
Фаридун КЕНҶАЕВ,
Мубирхони МӮМИНПУР,
кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
АКС аз манбаъҳои боз/муаллифон