Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омаданд, инчунин хароҷоти изофагии озмун 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Дар озмун барои барандагони ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 2000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.
Соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад, ки он ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав равона гардидааст.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, аз чор давр иборат мебошад. Даври якуми озмун моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо, даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмун моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мешавад.
Дар озмун шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсил (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда метавонанд.