«Густариши муколамаи фарҳангҳо, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» — таҳти ин унвон дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷамъомад ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи Марказ бахшида шуда, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, сафирони фавқулода ва мухтори мамлакатҳои аъзо иштирок ва сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки дар муддати се соли фаъолият Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байни давлатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» саҳми арзанда гузошта, ба он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои «Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай» дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар робита ба ин изҳори умедворӣ гардид, ки татбиқи минбаъдаи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак аз ҷониби Марказ, аз ҷумла дар самти фарҳангию гуманитарӣ ба тарғиби мероси бойи таърихию фарҳангии давлатҳои аъзои созмон такони иловагӣ мебахшад ва ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ дар фазои Авруосиё мусоидат менамояд.
Дар ҷамъомад барномаи консертии «Даҳ нотаи ҷодувона» бо иштироки ҳунармандони ҷавону соҳибистеъдоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Академияи идоракунии давлатӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон