Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал-Ғоним мулоқот намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал-Ғоним мулоқот намуданд

    2024-01-21
    219

    21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал- Ғоним мулоқот намуданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимонаи дӯстони қатарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ намуданд.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлатро муҳокима намуда, нақши парлумонҳо ва Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатӣ дар ҳавзаҳои мухталиф муҳим арзёбӣ намуданд.

    Зимни мулоқот ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду мамлакат, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлативу хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

    Масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитариву фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор доштанд.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ