Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дастоварди фарҳангӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

    Дастоварди фарҳангӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

    2022-12-02
    193

    Аз 28 ноябри соли 2022 то 3 декабри соли 2022 Дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш ҷаласаи 17-уми байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ идома меёбад.

    Ҳайати Кумита иборат аз 24 кишвари аъзо мебошад, ки дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи даврии кишварҳои узв, ҳисоботи ҷамъбасти лоиҳаҳои дастгириёфта ва дигар масъалаҳоро баррасӣ карда, номинаеҳоро, ки барои сабт дар феҳристҳо пешниҳод шудаанд, муҳокима мекунанд.

    Боиси хурсандист, ки 1 декабр дар ин ҷаласа ду номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя баррасӣ шуда, расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инҳо «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ» (муштарак аз Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон) ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» (муштарак аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон) мебошанд».

    Бояд гуфт, ки ҳамакнун аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 унсури фарҳанги суннатӣ дар ин Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шуданд.

    Солҳои қаблӣ номинаҳои «Шашмақом» (2008, муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон), «Наврӯз», «Оши палав» (2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), «Фалак» (2021) дар феҳристи мазкур сабт шуда буданд.

    Ногуфта намонад, ки Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ 12 октябри соли 2003 дар Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО бо мақсади ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул шудааст.

    Дастоварди навбатии фарҳангиро ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон табрик мегӯем.

    Масъули сомона Муҳиддин Сулаймонӣ.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ