Филми «Дов» ки вақтҳои охир сароу садоҳои зиёдро ба бор овард, дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон намоиш дода мешавад,
Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.
Филми "Дов" мавзуъи дустиву рафоқатро инъикос намуда азх паёмадҳои оқибати рашку ҳасуд ва нофаҳмиҳо бинандаи хешро огоҳ менамояд. Ҳунарманди кино Абдумумин Шарифӣ, ки дар филми мазкур нақши Қаҳҳорро иҷро намудааст, иброз дошт, ки пас аз рунамоии филм дар кинотеатри калони Маскав то ҳол зери таасурот қарор дорад. Филми дов натиҷаи когри дипломии Муҳиддини Музаффар буда дар киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳаҷми 1 соату 50 дақиқа ба навор гирифта шудааст.
«Муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд…» Инак давоми чанд руз мешавад, ки филм дар кинотолори Ватан баҳри бинандагон намоиш дода мешавад.
Масъули сомонаи Муассисаи МД ТВ "Синамо" Мухиддин Сулаймонӣ