Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

    Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

    2026-11-11
    8

    Сарвари давлати мо қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд.

    Аҳамияти баланди рушди ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид гардид.

    Рушди ҳамкории низомию техникӣ ва низомию иқтисодӣ зарур дониста шуд.

    Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат - “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем.

    Сарвари давлати мо афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СААД-ро номбар намуда, таъкид доштанд, ки ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда, тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои пайдошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

    "Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи ӯҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад", - изҳор доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути талошҳои муштарак самаранокии Созмонро метавон афзоиш дод ва нақши онро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият дод.

    Сарвари давлати мо, ҳамчунин изҳор доштанд, ки дар давраи раёсати худ мо ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хос хоҳем дод.

    Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзо омода аст ва хоҳони ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи афзалиятҳои пешниҳодшуда мебошад.

    Ёдовар мешавем, ки раёсат дар СААД дар соли 2027 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ