Шодизода Муфарраҳ Ҳамро соли 1986-ум таваллуд шудааст.Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷро соли 2003-юм бо муваффақият хатм карда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии санъати Тоқикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳуҷҷат супорида, соли 2007-ум донишкадаро бо ихтисоси рўзноманигори садо ва симо хатм намудааст.
Аз соли 2006 ба ҳайси таҷрибаомўз ва баъдан аз соли 2007-2008 ба ҳайси коргардони дараҷаи дуюми Идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилии Радиои Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро оғоз карданд.Баъди таъсис ёфтани Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” соли 2008-ум ба таври гузариш ба вазифаи муҳаррири идораи иттилооти Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” фаъолияти эҷодиро идома бахшид.
Аз 1-уми январи соли 2010-ум ба ҳайси сардори бахши хабарнигорони минтақавии идораи иттилоотии Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ба тарви гузариш таъин гардид.
Дониш ва малакаи баланди эҷодӣ ва масъулиятшиносии Шодизода Муфарраҳ буд, ки дар фаъолияти кори ҳамчун ҷавони бо донишу ғайрат ва кордон дар инъикоси чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишварро ҳамроҳӣ карда, ҷараёни сафарҳои роҳбари давлатро дар сатҳи баланди касбӣ инъикос менамуд.
Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми июни соли 2018-ум ба вазифаи сардори Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин шуд.
Ў ҳамчун шахси заминӣ ва эҷодкор дар тадбиқ ва иҷро намудани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат пайваста кўшишу талош намуда, дар беҳбуд бахшидани сатҳу сифати барномаҳои телевизион ва радиои “Бадахшон” аз худ ҳиссаи сазовор гузоштааст.
Дониши сиёсӣ, хоксориву инсондўстӣ ва таҷрибаи баланди роҳбарӣ ба Шодизода Муфарраҳ Ҳамро имкон дод, ки дар инъикоси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят аз худ саҳми бориз гузошта истодааст.
Дар як муддати кўтоҳи корӣ дар Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тағйироти куллӣ ба миён омада, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизион ва радиои “Бадахшон” ба маротиб беҳбудӣ ёфта, бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин даргоҳи ташвиқотӣ бо таҷҳизоти лозима, аз қабили дурбинаҳои наворбардорӣ ва дастгоҳҳои муосири банду басти барномаҳо таъмин гардида, кори кормандонро осон намуд.
Маҳз ҳамин содиқият ба касби пешакарда ва хислати наҷиби инсонии ў ҳаст, ки дар байни ҳайати эҷодӣ ва техникии Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон маҳбубияти вижаеро ба худ пайдо кардааст.
Нисбати қаламкашон ва собиқадорони идора эҳтироми беандоза дошта, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо масъулият кор бурда, ўҳдадориҳоро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамояд.
Бо дарназардошти заҳматҳои кашида ва саҳми бориз гузоштан дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шодизода Муфарраҳ Ҳамро бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми августи 2022 №417 бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 2024 ба вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» таъин гардид.
Шодизода Муфарраҳ Ҳамро бо медалҳои нишони «Аълочии радио ва телевизион», нишони «Аълочии матбуот» ва як қатор медалҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.