Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Набизода Набӣ

    Набизода Набӣ

    2022-09-19
    212

    Набизода Набӣ соли 1961 таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро дар соли 1983 бо ихтисоси режиссёр бо дипломи аъло хатм кардааст. Ӯ аз соли 1983 дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолитяи кории худро ҳамчун ёвари коргардони идораи адабию драмавӣ оғоз намудааст. Сипас ба ҳайси коргардони идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мусиқӣ адои хизмат намудааст. 

    Инчунин, ба ҳайси саркоргардон дар идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва «Субҳ» - и Шабакаи якум фаъолият доштаааст. Тайи чанд соли охир дар вазифаи Саркоргардони Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. аз 2-юми феврали соли 2015 то моҳи августи соли 2015 дар вазифаи сармуҳаррири идораи «Субҳ» фаъолият кардааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015 то имрӯз директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад. 

    Муаллиф ва когардони даҳҳо филмҳои мустанаду телевизионӣ, аз қабили «Нури умед», «Душанбе», «Тоҷикистон», «Нигини Бадахшон», «Макони ганҷҳо», силсилафилмҳои «Дар домани гардун», «Тоҷикистон ва эъмори ҷаҳон» ва ғайраҳо аст. 

    Дар таҳияи барномаҳои калонҳаҷми телевизионии «Наврӯзӣ» ва солинавиҳо ва барномаҳои мустақим аз ҷашнвораҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ, сабқатҳои гуногуни телевизионӣ иштирок намудааст. Ҳамчун коргардон дар таҳияи барномаҳои консертӣ бо овозхонҳои машҳури дунё Л. Лешенко, Гурская, Муин, Фарҳоди Дарё, Лайлои Фуруҳар, Ю. Усмонова, Шаҷариён ва ҳунарварони маъруфи кишварамон саҳмгузор аст. 

    Набизода Набӣ аз соли 1999 узви Иттиҳоди байналмилалии журналистон аст. Бо медалҳои «Барои хизмати шоиста», нишони «Аълочии радио ва телевизион», нишони «Аълочии мабуот» ва медалҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ