Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Раҷабзода Масрур Абдусаттор

    Раҷабзода Масрур Абдусаттор

    2022-10-10
    716

    Раҷабзода Масрур Абдусаттор, моҳи майи соли 2011-ум тариқи озмун дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Шабакаи якуми телевизиони “Тоҷикистон” фаъолияти кориашро шуруъ намудааст. Баъдан аз моҳи марти соли 2013-ум ба тариқи гузариш аз Шабакаи якуми телевизиони “Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ҳоло МД «Душанбе HD» ба ҳайси муҳаррир фаъолиятро идома медиҳад. Соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Синамо» ифтитоҳ гардид, ки як қатор рӯзноманигорони ботаҷрибаро ба он шомил намуданд. Раҷабзода Масрур Абдусаттор низ шомили ин гурӯҳ гардид. Дар ибтидо ба ҳайси муҳаррири варзидаи шуъбаи филмҳои тасвирӣ корро шуруъ намуда, баъдан ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ фаъолият намудааст. Ҳоло ба ҳайси муавини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” фаъоляташро идома дода истодааст. Муаллифи  як қатор филмҳои мустанад ва барномаҳои сиёсию таҳлилӣ аз қабили “Истиқлоли меҳан”, Ваҳдат бақои миллат”, “Рӯҳи шикастнопазир”,  “Забон ҳастии миллат” “Таърихи синамои тоҷик”,  “Неруи созанда”,  “Махзани илм”, “Душанбе-боргоҳи маърифат”, “Самари умр”, “Сада”, “Меҳргон-меросе аз ниёгон”, “Сипари Ватан”, “Об сарвати бебаҳо”, “Куҳанҷашни тоҷикон”, “Наврӯз ҷашни меҳр”, Маросиму анъанаҳои наврӯзӣ” мебошад. Дар таҳияи барномаҳои телевизионии калонҳаҷми ҷашнӣ низ, саҳмгузор буда, муаллиф ва барандаи барномҳои фарҳангӣ-фароғатии “Нурафкан” ва “Суфраи синамо” мебошад. Бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” ва  Ифтихорномаву сипоснамоҳо аз  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  МД телевизиони “Синамо” ва як қатор муассисаву ташкилотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ