Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №744 аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст. Суроғаи расмии Муассиса ш.Душанбе, н.Шоҳмансур, к. Беҳзод-25 буда, зерсохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Фаъолияти Муассиса расман аз декабри соли соли 2015 оғоз гардида эфири шабака 1-уми марти соли 2016 кушода шуда, аз якуми марти соли 2019 ба пахши шабонарўзии (24-соата)-и барномаҳо гузашт.
Телевизиони «Синамо», чун шабакаи давлатӣ, барномаҳои худро бо забони давлатӣ инчунин бо дигар забонҳо дар давоми 24 соат бо формати HD дар давоми як шабонарўз пахш менамояд.
Телевизиони «Синамо» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии амалиёти мебошад.
Мақсаду вазифаҳои асосии Муассиса тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино, усулҳои татбиқи он дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ, мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмини аҳолӣ бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва номоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи модию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо, иштирок дар киноффестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии кинематографистон, тайёр намудани мутахасисони соҳа, амали намудани чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташакули талаботи аҳоли ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ, пахши филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимолию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат ва ғайра мебошад.
Мувофиқи ҷадвали корбаст дар Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» 75, 0 воҳиди корӣ муайян карда шудааст.
Шумораи кормандони шартномавӣ 18-нафарро ташкил медиҳад. Вобаста ба вазифаҳои гузошташуда дар назди Муассиса ҷадвали корбаст аз маъмурият, 5- бахш, 8- шуъба ва ба 2- идора тақсим карда шудааст.
Ҳайати кормандон аксарият ҷавонони дорои маълумоти олии рўзноманигорӣ ташкил намуда, фазои озоду мусоиди эҷоди имрўз барои кормандон муҳайё карда шудааст.
Аз моҳи январ то то имруз дар Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» 79- нафар корманд, аз онҳо 7-нафар меъёри 0,5 (ним) басти корӣ фаъолият доранд. 15-нафар дар асоси созишнома ва шартномаи хизматрасонии пулакӣ кору фаъолият доранд. Аз он ҷумла 69 мардон ва 8-занон ва 3 занони роҳбар кор мекунанд.Ҳамчунин боз 4-нафар занон тибқи созишнома фаъолият доранд.
Аз 79 нафар корманд ва бо иловаи кормандони нимбаста фаъолият менамуда, 51 - нафар маълумоти олӣ, 8 нафар маълумоти миёнаи махсус, 6- нафар маълумоти олии нопурра ва 12 - нафар маълумоти миёна доранд.
Дар Муассиса аз 79 -нафар кормандон 21 -нафарашон ихтисоси рўзноманигор, 4-нафар коргардон, 5-нафар муҳандисӣ техникӣ ва 48-нафар дорои дигар ихтисосҳо мебошанд.
57 -нафари кормандонро ҷавонон ташкил дода, 22- нафари дигар синашон аз 40-сола боло мебошанд. Охири соли 2020 як маротиба озмун барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар Муассиса гузаронида шуда дар он 15-нафар довталаб ба қайд гирифта шуда, 13-нафар иштирок намуда, 4-нафар ба кор ҷалб карда шуданд.
Дар давоми фаъолияти соли 2020. 6 нафар ба кор қабул шуд ва 5-нафар бо хоҳиши худ аз кор озод карда шуданд.
Дар ин давоми бо мукофотҳои соҳавӣ аз Муассиса 2 – нафар кормандон бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1– нафар бо нишони «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 7 – нафар бо «Ифтихонома»-и Муассисаи давлатии телевизионии «Синамо», ҲХДТ ва иттифоқи касаба сарфароз гардидаанд.
Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» дар ин давом ба як қатор натиҷаҳо ноил гаштанд. Аз ҷумла:
-тибқи назарсанҷии ИЖТ ва Академияи ВАО ба ифтихори Рўзи матбуот МД телевизиони «Синамо» дар соли 2020 «Телевизиони сол» эътироф гардид;
-тибқи назарсанҷии охирини Академияи ВАО миёни телевизион ва радиоҳо МД телевизиони «Синамо» соҳиби мақоми дуюм гашт;
- филми кўтоҳметраи телевизионии ҳамкорамон Ҷумъахон Рустамӣ таҳти унвони «Инъикос» соҳиби яке аз ҷоизаҳои асосии синамобазми «Як акс» дар шаҳри Калгарии Канада гашт.
Имрўзҳо чунин барномаҳои телевизионӣ дар МД ТВ «Синамо» таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд:
«1001-андеша» (аз 50 то 55 дақиқа), «Ҷавҳар» (то 25 дақиқа), «Суварнигор» (то 20 дақиқа), «Рўинтан» (то 30 дақиқа), «Асрори филмофарӣ» (то 30 дақиқа), «Ҷило» (то 20 дақиқа), «Пайғоми Суғд» (то 25 дақиқа), «Ганҷи тасвир» (то 30 дақиқа), Шоу- барномаҳои «Мизони хирад» ва «Мухлисон2(то 50 дақиқа) , «Дар оинаи таърих» (то 25 дақиқа), «Фасоҳат» (то панҷ дақиқа); -барномаҳое, ҳастанд, ки дар як моҳ чор маротиба таҳия мегарданд. Барномаҳои «Ахтарони ҳунар» (то 50 дақиқа), «Далели таърих» (то 25 дақиқа), «Шабовез» (то 50 дақиқа), «Нурафкан» (то 40 дақиқа), «Кино +» (то 25 дақиқа), «Суфраи синамо» (то 30 дақиқа) дар як моҳ ду маротиба таҳия карда мешаванд. Ҳамчунин барномаҳои «Рисолат» (то 40 дақиқа), «Хонаи ман» (то 30 дақиқа), «Партави Истиқлол» (то 25 дақиқа), «Тоҷикистон кишвари ман» (то 25 дақиқа), «Роғун корзори нангу номус» (вобаста ба супориш), «Шоҳномахонӣ» (то 20 дақиқа) «Солнома» (то 20 дақиқа), «Нобиғаҳо» (то 50 дақиқа), «Як олам хотира» (то 1 соат) дар як моҳ як маротиба таҳия ва барномаҳои «Равзанаи ошноӣ»- ҳар ҳафта дар ҳаҷми то се ададӣ, «Далелҳои аҷиб»- ҳар ҳафта ду маротиба, «Иттилоъ» (то 20 дақиқа) ҳар ҳафта панҷ ададӣ таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардонда мешаванд. Дар ин баробар дар МД ТВ «Синамо» вобаста ба ҳар як санаи ифтихории кишвар барномаҳои алоҳида таҳия мегарданд.
Вобаста ба ҳар як санаи ифтихории ватан ва чорабиниҳои муҳим силсилароликҳои таблиғотӣ таҳия карда мешаванд. То ин муддат зиёда аз 60 адад роликҳо таҳия ва пешниҳод карда шуданд.
Дар ин баробар лавҳаҳои зиёд аз гушаву канори кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст. Соли гузашта таҳти унвони «Рисолат» аз ҳаёту фаъолияти чеҳраҳои саршиноси синамову театри тоҷик филмҳои мустанад пешниҳод шуданд. Аз ҷумла: Борис Кимёгаров, Тохир Собиров, Аслӣ Бурҳонов, Гурминҷ Завқибеков ва филми навбатӣ бошад дар бораи кор ва фаъолияти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров мебошад.