Насиба Рустамовна 28 ноябри соли 1984 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2000 мактаби миёнаи №4-и нохияи Ҳисорро хатм карда, сипас ба омӯзишгоҳи тиббии н. Ҳисор дохил шуда бо дипломи сурх хатм намудаст. Баъдан ба факултаи Менеҷменти Донишкадаи Иқтисодии ш.Душанбе дохил шуда онро бо муваффақият хатм кардаст. Қабл аз ба "Телевизиони Сафина" омадан тули ду сол ба ҳайси хамшираи тибб дар дармонгоҳи н. Ҳисор фаъолият намудаст. Дар Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" аз рӯзи таъсисёбии он ба ҳайси барномасоз дар шуъбаи барномасози фаъолятро оғоз кардаст. Дар баробари барномасозӣ боз дар барномаи субгоҳии "Файзи саҳар" барандагӣ мекард. Аз соли 2008 ба ҳайси муҳаррир дар идораи "Эҷод"- ТВС фаъолият намуда барномаи "Этикет" ва "Чило"-ро ба уҳда дошт. Баъдан соли 2014 ба ҳайси муовини сардабири идораи "Эҷод"-и ТВ Сафина кор кард. Муаллифи барномаи "Хостаҳо", ки танҳо бо хости дили мардум таҳия ва пахш мегардид. Хамзамон хар субхи шанбе дар барномаи субгохии "Сапедадам" барандагӣ менамуд. Боз муаллифи ду барномаи дигар ки яке "Сад роз" буд, ки ончо танхо аз рузгори бонувон харф мезадему то хади имкон бо кумаки Вазоратхо кумак мерасондем, дигаре шоу- барномаи интелектуали бо номи "Як дов" буд. Соли 2016 аз рузи таъсисёбии Телевизиони "Синамо" дар идораи филмхои миллӣ ба хайси мушаррир фаъолиятро огоз кард. Муаллифи шоу - барномаи "Зина ба зина" ва барномаи "Ахтарони ҳунар” мебошад. Дар баробари ин боз ровии барномаи хабарию тахлии идораи "Иттиллоъ" асту в дар барномаи "Нурафкан" низ бо хамрохии хамкорон барандагӣ мекунад. Аз соли 2017 то 2022 дар муассисаи мазкур ба ҳайси сардори шуъбаи Ороишию басаҳнагузорӣ кор карда, аз соли 2022 то инҷониб сармуҳаррири идораи Филмҳои миллӣ мебошад. Дорандаи унвони аълочии фарханги ҶТ, аълочии Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ ва аълочии матбуоти ҶТ ва ифтихорномахои Кумитаи ҷавонон сайёҳӣ ва варзиш, Кушунхои сарҳадиии ЧТ, Телевизиони Сафина ва гайрахо.
Шиор: Ман Ватанро пеш аз харвакта дорам дусттар!!!!!!