Самариддин Назарзода рӯзноманигор ва ровӣ;
24 уми августи соли 1993 ба дунё омадааст. Хатмкардаи ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2016 мебошад.
Аз соли 2016 то кунун дар МДТВ “Синамо” фаъолият менамояд ва муаллифи барномаҳои “Дурбин” ва ровии барномаи “Шабовез” ва дар гузашта муаллифи бахшҳои хурди “Дар олами синамо” ва “Тақвими рӯз”;
Ӯ муаллифи як қатор гузоришу сюжаҳои таҳлилӣ ва филмҳои мустанад дар бораи санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабилӣ ҷашни Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, Рӯзи Забон, Сада, Наврӯз ва ғайра;
Мавсуф муаллифи яке аз солномаҳои Пешвои миллат; солномаи 2018 “Пешвои миллат - Пайвандгари қалбҳо” мебошад.
Феълан сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилии “Иттилоъ” мебошад.