Натиҷаҳои навбатии иштироки мардум дар раъйпурсии умумихалқӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумоти аз 68 комиссияҳои ҳавзавӣ воридгардида, то соати 15:00-и 22 май дар саросари ҷумҳурӣ 3 миллиону 518 ҳазору 184 нафар раъйдиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки 79,9 фоизи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз устод Лоиқ Шералӣ ёд карданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бахшида ба 75-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва алоқамандони  ашъори ин шоири шаҳир конфронси илмию адабӣ баргузор шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон  устод Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи суханварони маъруфи нимаи дуюми асри XX ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гиромидошти хотираи ин шоири шаҳир  корҳои зиёдеро ба субут расонидааст. Аз ҷумла, ҷашни 60 ва 70-солагии шоири зиндаёд дар сатҳи баланд таҷлил гардиданд. «Куллиёт»-и шоир ду маротиба дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ ва як маротиба дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хатти форсӣ нашр гардид.

Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Панҷакент муаррифгари тоҷикон дар Маскав

Дар шаҳри Маскав  дар  Намоишгоҳи  «Манеж» фестивали чоррӯза таҳти унвони  «Интермузей» доир гардид, ки дар он  намояндагони зиёда аз 300 осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносии Федератсияи Русия ва давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд. Дар фестивал Тоҷикистонро Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд  муаррифӣ намуд.

 «Аз халқи рус ва ҳукуматдорони он минатдорем, ки моро  ба Фестивали мазкур даъват намуданд ва  бисёр хушнудем аз он, ки  барои намоиши осори фарҳангии кишварамон имконият  пайдо намудем»-, зикр намуд  Фотима Рофиева, директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент.

Мулоқоти раиси КМИР бо роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ

Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-Котиби иҷроияи ИДМ Гаркун Владимир Гилярович, ки роҳбарии ҳайати  мушоҳидони байналмилалиро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, баргузор гардид.

Страницы