Дар Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи юнону румӣ оғоз ёфт

11 май дар Душанбе миёни наврасон мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда, дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки варзиш таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқҳо ва пеш аз ҳама, кафили саломатист.

Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе

Ҳамоиш дар мавзӯи «CASA-1000» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар кори ҳамоиш намояндагони чор кишвари иштироккунандаи Лоиҳаи «CASA-1000» — Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар сатҳи вазирон, ҳамчунин роҳбарони баландпояи шарикони лоиҳа — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндагони ҳукуматии Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ, ташкилоти Паймони неру ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Афғонистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, Муҳаммад Ашраф Ғанӣро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт: “Мо аз дидори Шумо шодем ва орзу дорем, ки аз ташриф ба хонаи дуюматон таассуроти нек хоҳед бардошт”.

Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

Нахустин ташрифи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ДАР ФАРҶОМИ МУЗОКИРОТИ ҲАЙАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои иттилооти умумӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Имрӯз мо дар чаҳорчӯбаи мулоқоту музокироти созанда амалан ҳама арсаҳо ва соҳаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст ва масоили муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намудем.

Страницы