Ифтитоҳи корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Навобод” марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Қобили тазаккур аст, ки санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми анҷом додани сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд.

Иштироки Пешвои миллат дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ифтитоҳи сардхонаи ҶДДМ «Субҳи Сарбанд» дар шаҳри Сарбанд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бо сафари корӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Сарбанд ба фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд» расман оғоз бахшид.

Шаҳри Панҷакент ғолиби фестивал-озмуни «Андалеб-2016» гардид

23 август  дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»  баргузор гардид.

Гузоштани санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ёвон

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази  шаҳраки Ёвон  ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  барои 640 ҷойи нишаст дар як баст  санги асос  гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом  гирифтааст.

Страницы