Ифтитоҳи мактаби №33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 33-ро ифтитоҳ намуданд.
Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд.
Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, мактаби наву замонавиро барои 640 нафар дар ҷамоати деҳоти Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.