Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот сохта шудааст, 6345 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебогии дигар зам мекунад.

Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудаанд.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Унҷӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.