МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА КИНОИ ТОҶИК

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА КИНОИ ТОҶИК

Соли 1957 Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гузаронда шаванд. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва роҳандозии ин чорабинии муҳими фарҳангӣ тамоми муассисаҳои таълимию эҷодӣ вазифадор шуданд, ки ҳамаҷониба тайёрӣ бинанд. Ҳамон сол Киностудияи Сталинобод дар назди худ вазифа гузошт як коргардони шинохтаро ба Тоҷикистон даъват намуда, аз навоварӣ ва пешрафти кинои тоҷик филми бадеиеро ба навор бардорад. Бо ин мақсад, коргардони болаёқат ва таҷрибадор Рафаил Перелштейнро даъват намуданд. Киностудияи Сталинобод аз ҷониби худ сенарияи Е. Смирнова «Ман бо духтаре вохӯрдам» - ро пешниҳод намуд. Он аз байни филмҳое, ки ба Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон тавсия шуданд, мувофиқтар буд. Коргардони филм Р. Перелштейн барои эҷоди мусиқӣ оҳангсози шинохта Андрей Бобоевро ҷалб кард. Устод Мирзо Турсунзода ва Андрей Бобоев идеяи асосии коргардонро, ки шеъру оҳангҳо бояд инъикосгари ҳаёти воқеӣ ва ҷавобгӯ ба матни асар бошанд, дастгирӣ намуда, ба эҷоди шеър ва бастани оҳанг оғоз бахшиданд. Устод машқу тамрини ҳунармандонро чандин маротиба тамошо карда, ба чунин хулоса омад, ки шеърҳои эҷодкарда бояд моҳияти баланди бадеӣ ва такондиҳандаи амалиёт бошанд. Сурудҳо бояд эҳсосоти ботинии қаҳрамонҳоро бо таровати тоза инъикос намоянд. Устод ба филм сурудҳои «Дидам ҷамоле», «Суруди чойхоначӣ», «Суруди мӯзадӯз», «Суруди Холниссо» - ро пешниҳод намуд, ки ба оҳангсоз хеле писанд омаданд. Қаҳрамонҳои асосии филм Саид ва Лола аз нашъаи ишқ сармаст гардида, зиндагии хушбахтонаро дар дил мепарваранд. Коргардон маслиҳати Турсунзодаро ба назар гирифт. Дар он масоили вобас-та ба дӯстию рафоқат, интихоби ҳамсар, баробарҳуқуқии занону мардон, озодии муҳаббат, покизагии ахлоқ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Масалан, духтаре, ки зери зулму фишори падар аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум гардида буд, ба орзую ҳавасҳои деринааш расид. Падараш бошад, тавассути таъсири театр тағйир ёфта, аз кардаи худ пушаймон гардиду роҳи духтарашро ба омӯхтани дониш ва касбу ҳунар мунаввар гардонд. Маҳз филми бадеии «Ман бо духтаре вохӯрдам» - и Р. Перелштейн таваҷҷуҳи устод Мирзо Турсунзодаро ба санъати кино бештар ҷалб намуда, ҳамкории эҷодиашро бо Киностудияи Сталинобод таҳким бахшид. Аз ин нукта бармеояд, ки устод Турсунзода шурӯъ аз ҳамон сол саҳми назарраси худро дар пешрафти фаъолияти киностудия бо тарҷумаи филмҳои бадеӣ гузоштаанд. Дар ин бора худи устод мегӯянд: «Дубляжи филмҳои бадеиро бояд билкул давом дод. Аз экран шунидани овози артистон, алалхусус ба забони модарии худ, чӣ хуш аст». Устод Турсунзода баъди ду сол бо ҳамроҳии Инна Филимонова сенарияи филми «Ҳасани аробакаш» - ро эҷод намуданд. Коргардон Борис Кимёгаров фик-ру андешаҳои муаллифони сенарияро ба риштаи таҳлил кашида, хулосаи худро нисбат ба идеяи асар муайян намуд ва ба кор оғоз бахшид. Дар раванди филмбардорӣ бо устод Турсунзода чандин маротиба дидору гуфтугӯ намуда, маслиҳатҳои судмандашонро ҷонибдорӣ кард. Борис Кимёгаров дар филм муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти халқро ба навор гирифта, моҳияти азнавсозии Тоҷикистонро дар хати сюжет аз оғоз то анҷом нигоҳ дошта, ба зиндагии воқеӣ пайваст намудааст. Баъди рӯи экран баромадани филми «Ҳасани аробакаш» дар дили устод Мирзо Турсунзода хоҳиши навиштани сенарияҳои нав пайдо шуд. Дар ин росто, устод сенарияи филмҳои «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» - ро аз рӯи достони «Аз Ганг то Кремл» эҷод кард, ки дар аксар кинотеатрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба маъраз гузошта шуд. Устод Мирзо Турсунзода бо сенарияҳо ва маслиҳатҳои пандомезашон дар инкишоф ва рушди кинои тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Хотирнишон месозем, ки баъди пайдо шудани сенарияҳои шоирон ва нависандагони дигари тоҷик Киностудияи «Тоҷикфилм» дар байни марказҳои филмбардории ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуд. Бо меҳрубонӣ ва дастгирии устод Турсунзода як гурӯҳ актёрони ҷавони тоҷик тарбия ёфта, ба камол расиданд. Сенарияҳои эҷодкардаи Мирзо Турсунзода қимати баланди бадеияшонро то имрӯз гум накардаанд, зеро масъалаҳои бамиёнгузоштаи муаллиф мубрам ва рӯзмарра буда, аслан қадр ва қимати инсонро ифода менамоянд.