Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд

ДУШАНБЕ, 23.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷараёни устувори рушди онҳоро дар сиғаи шарикии стратегӣ қайд карданд ва аз натиҷаҳои музокироти начандон пешинаи сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардиданд, изҳори қаноатмандии амиқ намуданд. Дар ин қарина ҷонибҳо аҳаммияти татбиқи ҳадафмандонаи мувофиқаҳои дар рафти ин сафар бадастомадаро, ки самтҳои калидии ҳамкориҳои ду кишварро фаро мегиранд, таъкид намуданд.

Дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ қарор доштанд. Дар ин қарина Президентҳо ҷиҳати вазъи ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар минтақаҳои шимолӣ ва шимоливу шарқии он ба вуқӯъ пайвастааст ва саросари онҳо хатти сарҳади давлатии ду кишвар бо Афғонистон мегузарад, баррасӣ намуда, вазъиятро дар хатти сарҳад бо ин кишвар хело ҳам шиддатнок арзёбӣ карданд. Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сари он ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистони ҳамсоя идома диҳанд. Дар ин зимн омодагии ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамҳангсозии амалҳо дар ин самт таъкид гардид.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •