Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳоро муҳокима намуда, ҷараёни мусбати рушди онҳоро тайи солҳои охир қайд карданд.

Ҷонибҳо вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистонро мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор доданд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат ба Президенти Озарбойҷон дар хусуси вазъияти ташвишоваре, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон ба миён омадааст, маълумоти муфассал манзур намуда, нигаронии амиқи худро аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти   Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд. Муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешаванд.