Изҳори тасаллияти Ҳукумати мамлакат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки 20 июли  соли 2021 қалби хоҳари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонова Қурбонбӣ дар синни 64 аз таппидан боз монд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум —  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.