Муассисаи давлатиии телевизиони «Синамо»


Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст. Фаъолияти телевизиони «Синамо» пеш аз ҳама дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, мақсад ва вазифаҳои асосии он пеш аз ҳама чунин аст: Таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии  кино, гузаронидани кинофестивалҳо. иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии  киноматографистон, тайёр намудани мутахассисони соҳа. Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»  ҳамчунин ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ чорабиниҳои мушаххасро амалӣ хоҳал гардонд. Ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар тамошои филмҳо тариқи телевизион ва кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,  пахши филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат аз ҷумлаи мақсадҳое мебошанд, ки Муассисаи давлатии «Синамо» дар назди худ қарор додаст.