Ҳилол Умедпур

Чоршанбиев Ҳилол Умедович (Ҳилол Умедпур) санаи 1 уми августи соли 1996 дар н.Ишкошими ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 2014 мактаби миёнаро бо медал хатм намуда тариқи ММТ ба шуъбаи Журналистикаи телевизион, Факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 2019 онро бо дипломи сурх хатм менамояд. Соли 2015 курси махсуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро гузашта, иштирокчии чандин тренингҳои тахассусии тренерҳои дохиливу хориҷӣ мебошад. Аз соли 2016 инҷониб дар Муассисаи давлатии телевизиони Синамо кору фаъолият дорад. Аз оғози фаъолияташ то кунун муаллифи саҳифаҳои хурди “Тақвими рӯз”, “Равзанаи ошноӣ” лоиҳаҳои “Рози ситораҳо”, “10 саволи ғалатӣ”, “Шоҳкориҳо” ва силсилафилмҳои мустанади “Рисолат” мебошад. Инчунин зиёда аз 100 филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ ва силсилафилмҳои хориҷиро бо тариқи дубляж ва зернавис ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.