Маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти шуъбаи филмҳои тасвирӣ

Маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти шуъбаи филмҳои тасвирӣ
Шуъбаи филмҳои тасвирии Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” фаъолияти худро дар асоси низомномаи муассиса тартиб дода, дар офаридан, тарҷума ва дубляжи филмҳои тасвирие, ки хусусият, анъана ва ҷанбаҳои миллиро инъикос менамоянд ва вобаста ба ин барномаҳои рангину шавқовар камар бастааст. 
Дар айни ҳол аз ҷониби кормандони шуъба ки ҳамагӣ 4 нафар штатӣ ва 4-нафар ғайри штатиро ташкил медиҳанд, вобаста ба синамо зиёда аз 10 барномаи таълимиву фароғати таҳия ва пешниҳод мешаванд аз қабили. 
Хираднома, ки тавассути қахрамонхои тасвирӣ ба насли наврас умуман тамошобин ҷамбаҳои тарбиявӣ мебахшад яъне филмҳои тасвирӣ-тарбиявӣ Паҳлуҳои норeшан. Дар ин барнома гурeҳи эҷодӣ аз қобилияти кунҷкобию зиракии худ истифода карда, камбудиҳои норушани филмҳоро ошкор месозанд. Барномаи Синамои тоҷик, бошад инъикоскунандаи таърихи синамост, хамзамон аз дастовардҳо ва рушди синамо бозгeи мекунад. 
Сӣ намо дар Синамо. Ин лоиҳа аз намоҳои филмофарӣ яъне аз идея то омода шудани филм ба бинанда нақл менамояд. Зери чатри синамо. Клипконсерт, сурудҳо аз кинофилмҳо дар бахши Зери чатри синамо гулчин карда мешавад. 
Андешахо. (оид ба синамо) Мо фикру мулоҳиза ва пешниҳоди бинандагонро низ ба назар мегирем бинандагони мо метавонанд фикру ақидаи хешро оид ба синамо рушди минбаъдаи он дар бахши Андешаҳо иброз намоянд. Вожаномаи синамо. (бахш) Дар ин бахш мо дар бораи истилоҳҳои синамо бо маълумоти аниқу дақиқ истода мегузарем. 
Киноиндустрия. Индус-трияи киноҳо дар бахши киноиндустрия ва маҳорату далерӣ чолокиву ҳунари каскадёрӣ дар барномаи Руинтан пешниҳод мегардад. Дeстдорони синамои тоҷик метавонанд филмҳои писандидаи худро тавассути барномаи 5+ беҳтарин тариқи овоздиҳӣ интихоб намоянд. Инчунин барои бинандаи наврас барномаи дигаре дорем бо номи Афсона дар синамо. ки оид ба тарзи офаридани филмҳои аниматсионӣ омода гаштааст. 
Барои донишҷeёни закие,ки ҳунари актиёрӣ меомузанд, телевикторинае дорем бо номи Закӣ Сохтор ва воҳиди кории шуъбаро аз рeи ҷадвали штатӣ буда, дар он сармуҳаррир, Муҳиддин Сулаймонӣ муҳаррири варзида, Масрур Раҷабов, коргардони дараҷаи олӣ Эроншо Лангаров ва муҳаррир Масрур Меликзода фаъолият менамояд. 

1.Хираднома.Ин бахш тавассути каҳрамонҳои тасвирӣ ба насли наврас умуман тамошобин ғизои маънавӣ мебахшад яъне филмҳои тасвирӣ- тарбиявӣ. 
2.Пахлуҳои норeшан. Дар ин барнома гурeҳи эчодӣ аз қобилияти кунҷкобию зиракии худ истифода карда, камбудиҳои норeшани филмҳоро ошкор месозанд. 
3.Синамои точик. Ин лоиҳа инъикоскунандаи таърихи синамост, ҳамзамон аз дастовардҳо ва рушди синамо бозгeи мекунад. 
4.Сӣ намо дар Синамо. Аз намоҳои филмофарӣ яъне аз идея то омода шудани филм ба бинанда нақл менамояд. 
5.Зери чатри синамо. Клипконсерт, сурудҳо аз кинофилмҳо дар ин бахши гулчин карда мешавад. 
6. Руинтан. Маҳорату далерӣ, чолокии ҳунари каскадёрӣ дар барномаи Руинтан пешниҳод мегардад. 
7.Вожаномаи синамо. Дар ин бахш мо дар бораи истилоҳҳои синамо бо маълумоти анику дақиқ истода мегузарем. 
8.5+ беҳтарин. Тамошобинони мо метавонанд тавассути ин бахш филмҳои дeстдоштаи худро тариқи овоздиҳӣ интихоб намоянд.