Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович

Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович 
Соли 2000 дар риштаи филологии ДМТ ҳуҷҷат супорида, ҳамзамон бо телевизиони Тоҷикистон ҳамкорӣ оuоз намудааст. Аз соли 2001 ӯро расман ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор қабул намуданд ва баъдан ҳамчун муҳарриру ёвари коргардон ва коргардон фаъолият намудааст. 
Соли 2007 бо хоҳиши худ ба Муаcсисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон »гузашта, ба ҳайси мутахассиси пешбар, коргардони дараҷаи олӣ, муҳаррири варзида ва сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ фаъолият намудааст. 
Солҳои 2007-2010 ҳамчун муаллиф ва коргардон Филмҳои ҳунарии «Даҳшат», «Меваи умр», «Дар гирди арча», «Афсоннаи хоб» ва филми тасвирии «Ду арча» - ро офаридааст. 
Моҳи марти соли 2010 ба ҳайси муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои «Субҳ» -и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон гузашта, аз соли 2012-то соли 2015 ба ҳайси коргардони дараҷаи якуми ин идора фаъолият кардааст. Хизматҳои ӯро ба назар гирфта, соли 2012 бо унвони Аълочии Телевизион ва радио қадрдонӣ намуда, ҳамзамон ба узвияти Иттифоки жураналистон пазируфтанд. Аз моҳи январи соли 2016 ба ҳайси сармуҳаррири шуъбаи филмҳои тасвирӣ-анимационии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» фаъолият дорад