Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон Сердар Бердимухамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич,

Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби олии давлатии Президенти Туркманистони дӯст сидқан табрик мегӯям.

Натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Шумо, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар кишваратон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намуданд.

Мо ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистон ва Туркманистон, ки бар усули шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, аҳаммияти хосса медиҳем.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба фаъолияти зичи муштарак бо Шумо ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар ба нафъи мардумонамон ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод таъкид намоям.

Ба Шумо, Сердар Гурбангулиевич, сиҳатмандии комилу некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии доманадор орзумандам».