ОБ МАНБАИ ҲАЁТ

Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда,  саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд.  Об манбаи ҳаёт  ва ҷузъи  асосии рушди устувори инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бисёре аз кишварҳои олам мардум аз норасоии оби тоза ва ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Мутаҳид  оид ба мушкилоти вобаста ба об  суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳамкории зич даъват намуданд.  Бояд зикр намуд, ки  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби  Маҷмааи умумии СММ қабул гардид. Ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббус, аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад.

Обро сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон низ арзёбӣ мекунанд.

Об яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳиму ҳаётии сайёра буда, омили асосии мавҷудияти ҳаёт ба шумор меравад. Об дар зиндагии ҳар як инсон  барои истеъмолу тозагӣ ва таъмини солимии онҳо истифода бурда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обҳои минералии шифобахш зиёд буда ба саломатии инсон фоидаи калон доранд.

Обҳои  шифобахше, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, аз элементҳои биокимиёвӣ,  менералҳо, калий, магний,  натрий ва  калсий бой ҳастанд ва  ба организми инсон фоидаи калон доранд. Ба ғайр аз ин, дар таркиби обҳои минералӣ  хлор, карбонати натрий, сулфатҳо, радон, оҳан, бром  ва ёд низ мавҷуданд, ки инҳо бештар ба  шахсони гирифтори бемории камхунӣ тавсия дода мешаванд.

Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти аҳли башар барои фароҳам овардани шароити зисти инсон, шустушӯ,  омода намудани  ғизо ва   муҳити солими зист  мавқеи хосса дорад. Айни замон ҳар як сокини мамлакат вобаста ба имконияти мавҷуда дар як шабонарўз аз 50 то 360 литр оби ошомиданӣ истифода менамояд. Мувофиқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо, имрўз 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла, 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва мувофиқан 79,8%, 18,2% ва 0,2% аҳолӣ бо шабакаи фазлаоб ва шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ин ҳолат ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи  Аврупо низ дида мешавад. Вале вазъият дар баъзе аз мамлакатҳо  аз сабаби тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ, ҳамчунин надоштани дастрасӣ ба оби   ошомидании босифат нигаронкунанда мебошад.

Ба иттилои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамасола  дар ҷаҳон беш аз 361 ҳазор нафар кӯдакони то 5-сола аз надоштани  дастрасӣ ба оби тоза мефавтанд.

Об асоси ҳаёти инсон аст ва иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои  рушди устувор» дар марҳалаи кунунӣ хеле зарурист. Ин иқдом ягона платформаи бузурге мебошад, ки ҷаҳониён дар доираи он тамоми мушкилоти соҳаи обро ҳал хоҳанд кард.