Ба муносибати 30-юмин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар Душанбе Фестивали филмҳои ҳиндӣ баргузор мешавад. KI & KA».

Аз 3 то 6 май дар шаҳри Душанбе Фестивали филмҳои ҳиндӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд, фестивали мазкур бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ миёни ду давлат доир мегардад.

Дар доираи фестивал муддати 4 рӯз дар кинотеатри «Ватан» -и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои алоқамандони кинои ҳиндӣ филмҳои истеҳсоли Ҳиндустон намоиш дода мешаванд.

Фестивали филмҳои ҳиндӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, даромад барои ҳама ройгон аст.

Ба мухлисон филмҳои «Ӯ ва У» («KI & KA», режиссёр Р. Балки), «Гулобӣ» (режиссёр Анируддха Рой Чоудхури), «Манжи одами кӯҳӣ» (режиссёр С. Кетан Мехта), «Арӯси Бадринат» («Бадринат Ки Дулхания», режиссёр Шашанк Хайтан) пешниҳод мешаванд, ки дар онҳо нақшҳои асосиро ҳунармандони дӯстдоштаи мамлакати мо Амитабх Баччан, Карина Капур Хон, Арджун Капур, Чая Бхадури, Ранжит Капур иҷро мекунанд.

Дар Тоҷикистон филмҳои ҳиндиро хеле дӯст медоранд, зеро пур аз суруду рақсанд. Дар Ҳиндустон рақс як фалсафаи том аст. Тавассути рақс нишон медиҳанд, ки олами маънавии одам чӣ гуна бой аст. Дар ҳамин ҳол, кинои ҳиндӣ аксар вақт мелодрама буда, хушбахтона ба анҷом мерасад.