Филмҳои мазҳакавӣ -ғизои маънавӣ медиҳанд

Коргардон ва ҳунарманди шинохтаи олам Аркадий Райкин  мегӯяд, шахсеро, ки дар ботинаш ҳунари зарофатгӯи ва ҳазлу шӯхи нест, ӯро табобат кардан лозим аст. Дуруди бинандаҳои гиромии ТВ “Синамо” ин нашри навбатии барномаи таҳлилии “Дурбин” аст. Дар ин нашри барнома дӯстони азиз аз таҳияи филмҳои мазҳакавӣ, ки бо тамошои навору лаҳзаҳои ҷолиб ва ҳазлу шӯхиҳои ҳунармандони чунин филмҳо механдем, табъамон хуш мешавад ва як навъ фароғат ҳам мекунем, таҳлил карда, ҳарф мезанем.

Агар ба феҳристи филмҳои мазҳакавӣ ва ё мусиқӣ-мазҳакавӣ дар ҷаҳон назар кунем, мебинем , ки шумораи чунин филмҳо кам мебошанд, медонед барои чӣ  чун, ки мазҳака аз мураккабтарин жанри филмофарӣ ба ҳисоб меравад. Шояд бисёри синамогарони барои офаридани филмҳои мазҳакавӣ  таваккал кунанд, зеро таваҷҷуҳи  бинандаро ба сӯи худ кашидан ва ё хандонидан кори саҳлу осон нест ва нафаре ба ин кор даст мезанад, ки дар сиришти ӯ  ҳунари ҳазлу шӯхи вуҷуд дорад.

Чарли Чаплин ин номи барои кули дӯстдорони синамо ошност ва ин ҳунарманди машҳури ҷаҳон дар солҳои 30 асри гузашта жанри наверо кашф кард, ки аксарият синамогарон дар пайравӣ ба ӯ филмҳои меофариданд, вале мақомаи ҷойгоҳи ӯ то кунун дар садри аввал  боқи мемонад. Чарли Чаплин гуфта буд, ки филмҳои бояд беовоз офарида шаванд  ва ҳама филмҳои офаридаи ӯ беовоза буда, каҳрамони асосии онҳо худи ӯ мебошад.

Ҳаҷвнигор, ҳунарманд, коргардон, продюсер ва танзимгар хулас устоди касбии кино ва офарандаи яке аз образҳои оворагард Чарлӣ Чарлз Чаплин дар рушди кинои ҷаҳон саҳми назаррас гузошта, ҳамчун устоди ҳаҷвӣ кинои ҷаҳон ёд мешавад. Пас аз ӯ дар ин роҳ садҳо коргардон ва ҳунармандони дигар ба майдони кино падид омаданд.  

Ин ҷо метавон номи даҳҳо ҳунармандон, синамогарон ва ҳаҷвнигорони маъруфи оламро зикру мисол оварем, ки аз ҳунару истеъдоди табии онҳо бинандаҳо ба ҳайрат омадаанд.  

Дар кишвари мо ҳунармандони ҳаҷв ва филмҳои мазҳакавӣ хеле зиёданд. То кунун бинандаҳо аз ҳунару маҳорати нотакрори ҳунармандони ҳаҷв  ва тамошои филмҳои мазҳакавӣ баҳра ва ҳаловат мебаранд.

Соли 1957 дар коргардонии Рафаил Перельштейн филми мусиқӣ мазҳакавии  “Ман бо духтаре вохӯрдам” рӯи навор оварда шуд, ки аввалин қадамҳо дар самти офаридани филмҳои мазҳакавӣ буд.

Пас аз таҳияи филми мазкур дигар синамагарон ба офаридани филмҳои мазҳакавӣ даст занданд. Бо вуҷуди кам будани таҷриба дар ин самт ва нуқсону заифӣ дошатни дастгоҳҳои наворбардорӣ  филмофарон ҷидду ҷаҳд  мекарданд.

Коргардони тоҷик Муқаддас Маҳмудов дар соли 1968 филми мусиқӣ-мазҳакавии “Рояли сафед”-ро ба навор гирифт ва ин офарида дар пардаи синамои тоҷик ба монанди филми мусиқӣ – мазҳакавии  “Ман бо духтаре вохӯрдам” бисёр дурахшид. Акнун бинандаҳо то ҷое ҳаловати тамошои филмҳои мазҳаквиро дарёфтан  ва  завқу шавқашон нисбати дидани онҳо бештар мегардид.

Дар ин роҳ  идея ва филмномаи хуб лозим буд, ки ба таҳияи чунин филмҳо замина гузорад. Ин мушкили яъне набудани сенарияи ҳаҷвӣ ҳанӯз  аз асри 20 вуҷуд доштааст, зеро бештари синамогарон дар ҳамон замон ба асарҳои бадеӣ - публитсистӣ мароқ зоҳир мекарданд. 

Дар рӯйхати филмҳои мусиқӣ - мазҳакавӣ филми дигареро, ки дар зеҳну тафаккури бинандаҳо маъво дорад, ворид кардани комилан барои аксарият хушоянд аст, ин филми мусиқӣ - мазҳакавӣ “Хати парвоз” буда, онро коргардони касбии синамои тоҷик Тоҳир Собиров рӯи лента овардааст.

Дар ҳамон давра таҳияи филмҳои мазҳакавӣ миёни синамогарон як навъ муд шуда буд. Аксарият коргардонҳо талош мекарданд, ки як филми мазҳакавӣ ба навор гиранд, зеро талаботи мардум нисбати тамошои чунин филмҳо зиёд гардид.

Дар ҳамон замон коргардони филмҳои мазҳакавӣ Леонид Гайдай як қатор филмҳои мусиқӣ-мазҳакавиро офарида буд ва офаридаҳои ӯ ба зуди дар дили ҳаводорони синамо роҳ ёфт. “Асираи Қафқоз” ва  “” аз беҳтарин офаридаҳое  буд, ки то кунун роғибони ин жанри филмофарӣ аз дидани онҳо лаззат мебаранд.

Дар охири солҳои 80 ум ва авоили солҳои 90 ум коргардони дигари тоҷик Рустам Шоазимов филмеро офарид, ки барои офарандагони ин жанр равзанае боз шуд, то дар ин роҳ муваффақу беҳтарин филмҳо офарида  шаванд.

Филми коргардони мазкур таҳти унвони “Бозсозӣ” беовоз сабт гардид. Яке аз коргардоне, ки баъди чандин солҳо дар ҳамин жанр филм ба навор гирифт, Абдулҳай Зокиров мебошад, ӯ мегӯяд вақте филми “Бозсозӣ”-ро тамошо кардам, завқу шавқам нисбати дидани чунин филмҳо бештар гардид.

Филми мазкур дар сабки тамоман дигар офарида шуда буд ва коргардон дар тавассути саҳнаҳои филм рамзи бозсозиро ба бинанда нишон дод. Барои тамошобинон ин офарида аввалин мазҳака дар замони соҳибистиқлолии кишвар  ба ҳисоб мерафт, ки таҳаввулот ва ё дигаргуние дар пардаи синамои тоҷик гардид. Соли 2012 филми “Бозсозӣ” ба яке аз ҷашнвораҳо дар Амрико роҳ ёфта, ҷоизаи беҳтарин кори коргардониро ба даст овард.

Баъдан дар ин жанри мураккаби филмофарӣ дигар синамогарони мамлакат худро озмуданд ва муваффақ ҳам шуданд.

Умед Мирзоширинов, соли 2003 филми овозадору мазҳакавии “Муҷассамаи ишқ” ро  таҳия кард ва ин филм сару садои зиёдро миёни бинандаҳо бархост, зеро он бо саҳнаву ибораҳои ҷолибаш дар қалби бинандаҳо то имрӯз ҷо дорад. То кунун касе нест, ки ин филмро надида бошад ва аз ибораву ҳазлҳои ҳунармандони он огоҳӣ надошта бошад.

Ҳоло аз таҳияи филми мазкур қариб 20 сол сипари шуда бошад ҳам, вале чун филми касбӣ дар пардаи синамо ҷило медиҳад. Дар замони таҳияи филм техникаву технологияи филмофарӣ  ба талаботи филмофарӣ ҷавобгӯ набуданд  ва аз ин ҷиҳат филмофарон дар раванди таҳияи филм ба мушкили рӯ ба рӯ мешуданд.

Дар ин давра синамогарони кушиш доранд, шумораи таҳияи филмҳои мазҳакавиро зиёд намоянд, вале дар ин самт набудани  сенарияи хуби ҳаҷвӣ ва филмноманависони касбӣ, ки то синамогарон ба онҳо муроҷиат ва ҳамкорӣ намоянд, нигаронандкунанда боқӣ мемонад.

Мушкилии набудани асар ва ё сенарияи мазҳакавӣ мавзуъи дигар аст,  ки  мо вобаста ба он таҳияи барномаеро бо ҷалби мутаххасисони соҳа, масъулин ва филмоманависон дар нақша дорем. Ба таҳлил  ва ё ба миёни гузоштани мавзуъи мазкур дар барнома роҳи ҳали мушкилот нест ва мо танҳо ба масъулини соҳа ҷиҳати бартараф кардани он рушани меандозем.

Аксарияти филмофарон худ дар навиштани сенарияи филми ҳавҷӣ саҳм мегиранд. Далер Раҳматов, коргардони як қатор филмҳои ҳаҷвӣ мегӯяд, сенарияи филми мазҳакавии “Сафари ҳавоӣ” –ро, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар рӯи пардаи  синамо омадааст, худ навиштааст.

Филми мазҳакавии мазкур соли 2014 дар коргардонии Далер Раҳматов  рӯи навор оварда шуд ва ӯ мегӯяд дар дигар филмҳои офаридаи ман лаҳзаҳои ҳаҷвӣ буданд, вале ин аввалин филме буд, ки пурра ба жанри мазҳака бахшида шудааст.

Коргардон Далер Раҳматов мегӯяд, барои ҳамкории зич миёни филмофарон ва филмноманавсон бояд муҳит фароҳам оварда шавад, ҳам синамогарон ва ҳам сенариянависон тавонанд дар ҷустуҷӯи идеяи тоза шаванд.

Коргардони дигар  тоҷик Абдулҳай Зокиров,  ки  соли 2020 филми мазҳакавии “Автобус” - ро ба навор гирифт, жанри ҳаҷвро шоҳи жанрҳои филмофарӣ мешуморад.

 Тасаввур кардани душвор аст, ки ӯ  рӯи сенарияи филми мазкур қариб 10 кор кардааст ва дар дохили як автобус чигуна образҳоро ҷо ба ҷо кардан ҳам кори осон нест, ин кор таҷриба ва малакаи коргардонро имтиҳон мекунад.

Филми мазҳакавии “Автобус” соли 2020-2021 ба як зумра ҷашновраҳои олам роҳ ёфт ва сазовори ҷоиза ҳам шуд. Ин коргардон ҳам мушкилоти асосиро барои таҳияи филмҳои ҳаҷвӣ набудани асарҳои мазҳакавӣ медонад ва мегӯяд, агар  сенарияи бошад, ман омодаам рӯи он кор кунам ва аз рӯ он филм ба навор гирам.

Бинобар ин ҳам асоси филм донистани филмномаро коргардони машҳури олам Стивен Спилберг бесабаб нагуфтааст, зеро сарчашмаи кори таҳиягарӣ ва ё филмофарӣ аз идеяи ҷолиб пайдо мегардад. Синамогарони кишвар имрӯзҳо кушиш доранд, дар ин жанри филмофарӣ идеяҳоеро рӯи тасвир кашанд, ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ ва барои доираи васеи бинандаҳо бошад.

Агар аз як тараф набудани сенария ва филмноманависони мазҳакавиро шукилоти соҳа донем,   аз нигоҳи дигар ба андешаи коргардон Далер Раҳматов муҳит то дар ҳамкории  якдигар сенария эҷод кунанд, вале бо вуҷуди чунин фикру андешаҳо шароит ва муҳити созанда фароҳам ҳаст, ин ҷо танҳо масъулинро мебояд барои ҳавасманд намудани мутахассисони соҳа дар доираи барномаи рушди кино бояд чораҳо андешанд.

Дар шароити имрӯза танҳо бо ҷалби  мутахассисони соҳа, продюсерон ва ҳавасманд намудани онҳо метавонем соҳаро тадриҷан рушд  бахшем. Зеро офаридани асари мазҳакавӣ ва хандонидани бинанда кори осон нест.