Синамои миллӣ дар ҳоли рушд

Соли 2021 соли бобарор барои мардуми сарбаланди тоҷик буд. Дар ин сол мардуми шарфманд ва  тамаддунофари тоҷик ҷашни бузурги милли 30 солагии Истиқлоли давлатиро бо дастоврадҳои арзанда истиқбол гирифтанд. Дар борбари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи  синамо  ҳам  бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ташаккул ёфта, синамогарон дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Шуруъ аз аввали соли 2021 синамогарони кишвар дар доираи  Барномаи рушди кино баҳри   офаридани филмҳои баландмазмун ва амалӣ намудани нақшаву идеяҳои худ бо иродаи қавӣ саъю кӯшиш карданд.

Ҳамзамон давоми сол дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ, алалхусус  кинофестивалҳои байналмилалӣ, нахустнамоиши филмҳо ва Рӯзҳои фарҳанг ва кинои мамлакатҳои хориҷ дар кишвари мо ва аз мамлакати мо дар  хориҷ дар сатҳи баланд доир карда шуданд.
Давоми сол раёсатҳои  Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар шаҳру ноҳияҳои мамлкат, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”ва  Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” дар таҳияи филмҳои гуногунжанр ва рушди синамои миллӣ нақши созанда гузоштанд. 

Қабул ва дар амал татбиқ намудани   «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» далели таваҷҷуҳи хосаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба соҳаи синамои тоҷик мебошад. 

Амалисозии барномаи мазкур  баҳри рушди ҳамаҷонибаи  кинематографияи миллӣ   зарур арзёбӣ мегардад. Аксарияти филмҳое, ки дар давоми сол пешниҳоди ҳаводорони синамо гардонида шуданд, ба муносибати 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Чорабиние, ки  давоми соли 2021 ба  мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо дар бахши синамо  боз ҳам мусоидат намуд, ин баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буд.

Ин чорабинии фарҳангӣ нимаи охири моҳи майи  дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Видеоролик ва  маводе, ки дар ин рӯзҳо намоиш дода шуданд, робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбекро таҷассум мекарданд.  

Дӯстию рафоқати   ду миллати бародар таърихи пурғановат дошта, аз умқи қарнҳо сарчашма мегирад, ки дар саргаҳи он Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд. Таҳия ва амалисозии  лоиҳаҳои муштараки филмбардорӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои синамонигорони тоҷику ӯзбек маънидод  карда мешавад.

 Амалисозии пешниҳоди Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба таҳияи  филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

Идеяи асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ»  пеш аз ҳама бозгӯйи муҳаббату самимияти ду миллати бузург, дар мисоли ду  чеҳраи адабиву ирфонӣ – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ   дар масири таърих мебошад.  Ҳадафи асосии баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома додани анъанаи неки ҳусни ҳамҷаворию бародарии кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ривоҷу равнақи соҳаи синамо маънидод карда мешаавад, аз чорибиниҳои муҳими синамои дар соли 2021 ба ҳисоб меравад.

Дар доираи рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон як қатор филмҳои бадеӣ, ҳунарӣ ва мустанаду аниматсионӣ пешниҳоди ҳавдорони синамо гардонида шуданд. “Илҳоқ” аз зумраи филмҳои дидании синамогарони  Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ки коргардон-таҳиягари он Ҷаҳонгир Аҳмадов мебошад.

Зимни багузории ин чорабинӣ  ғайр аз филми ҳунарии «Илҳоқ», боз филмҳои  «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанад , аз ҷумла  «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум» ва «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди синамонигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд, манзури алоқамандони синамо гардонида шуданд.

Давоми сол даҳҳо филмҳои гуногунжанр аз ҷониби синамогарони мамлакат офарида шуданд. “Баҳори хазонрез”, “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, “Суруди носуруда”  “Ситораи ноаён”,  “Таваллуди дигар”, филмҳои бадеии кӯтоҳи “, “Бозӣ”, “Насиб”, “Додараки фариштаҳо” офарида шуда, дар кинотеатрҳо  манзури бинандаҳо гардиданд.

“Нигини Хатлон”, “Хоҷамуъмин” ва филми кӯтоҳи “Бозгашт” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Хатлонсинамо”  таҳия шуданд. Филмҳои  “Аз миллион яке” ва “Дов” истеҳсоли Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” буда, дар кинотеатрҳо пешниҳоди дӯстдорони кино карда шуданд.  

Дар ин баробар Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” дар таҳия, тарғийбу ташвиқ ва намоиши филмҳои синамогарони ватанӣ нақши муассир гузошта, филмҳои гуногунжанро таҳия ва пешниҳоди ҳаводорони худ намуд.

Соли 2021 аз ҷониби Муассиса чандин филмҳои гуногунжанр, аз ҷумла филмњои Падар”, “Писараква Насињати падардар мавзуи  њурмату эњтиром калонсолон таҳия ва манзури бинандаҳо карда шуданд.

Филми дигаре, ки дар охири сол наворбардори гардид, филми Парвоз  буда, ҳоло дар давраи танзиму тадвин ќарор дорад. Пас аз танзиму тадвин тавассути шабака пешниҳоди дӯстдорони синамо мегардад.

Дар ин баробар соли 2021  аз тарафи гурӯҳои эҷодӣ  ба ифтихори  таљлили Рўзњои таърихї, иду чорабинињои муњими давлатї силсилаи барномањо ва филмњои мустанад тањия гардиданд.

Самти дигари фаъолияти муассиса тањияи филмњои  тасвирї мебошад. Дар ин давра кормандони шуъбаи филмњои тасвирї зиёда аз 15 филми тасвирї офарида шуд.

Филмњои тасвирии  “Ҳикмати зиндагӣ”, “Имтиҳони падар”, “Одамаки барфӣ”, “Ду тоҷир” ва “Дарахти дӯстӣ” тарғибгари расму русуми миллӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда,  дар тарбия ва бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳии насли наврас саҳми муассир мегузоранд.                                                                                                                                     

Дар давоми сол дасторвардҳо хело зиёданд ва филмҳои синамогарони кишвар дар ин давра ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ роҳ ёфта, сазовори ҷоизаҳои шуданд.

Филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”   дар  таҳияи  коргардон  телевизиони “Синамо” Муҳаммадрабии Исмоил аз руйи асари нависанда Аброри Зоир рӯи  пардаи синамо омад. Наворбардории филми мазкур дар деҳаи “Вешаб”-и ноҳияи Айнӣ ва “Бешаи Палангон” сурат гирифтааст.   Нахустнамоиши филми мазкур дар кинотеатри  навсозишудаи  “Ватан”  бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Филм дар ин давр ба чандин кинофестивалҳо роҳ ёфта, кишвари моро намояндагӣ намуд.

Иштироки филми мазкур дар кинофестивали байналмилалии Анапа дар Федератисияи Руссия буд, ки худи коргардони он дар ҷараёни намоиши филм дар ин ҷашнвора ширкат кард. 

Солҳои охир аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат хосса Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди синамо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои боз ҳам фароҳам овардани шароити мусоиди филмофарӣ “Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022” қабул гардид.

Дастоварди  арзанда барои кули синамогарон ва ҳунармандони мамлакат дар давоми сол ин сазовори ҷоизаи махсус ва диплом гардидани  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дар 13 умин ҷашннвораи байналмилалии Тошканд  “Дурдонаҳои роҳи абрешим” мебошад.

Ситораи синамо ва театри тоҷик  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барои саҳми арзанда дар рушди кино қатори дигар ситорагони тобноки олами ҳунар, ба мисли Раҷ Капур, Никита Михалков, Нурӣ Билге Ҷейлан  ва Айтурган Темирова бо Ҷоизаи махсуси ҷашнвора иборат аз диплом ва  ангораи тиллоӣ  қадршиносӣ гардида буд.

Ҳамзамон дар ин ҷашнвора филми кӯтоҳи коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ “Сарбор” ду ҷоиза беҳтарин филми кӯтоҳ ва ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро ба даст овард. Илова бар ин филми мазкур ба як қатор ҷашнвораҳои дигар байналмилалӣ роҳ ёфта, ҷоизаҳои гуногунро соҳиб гардид.

Воқен ҳам чунин раванди филмофарӣ аз ҷониби синамогарони ҷавон ва касбӣ ба марҳилаи нави рушди синамои миллӣ дар замони Истиқлол замина гузошта, ин бахши муҳими фарҳанг ба яке соҳаҳои рушдёбанда ва афзалиятноки ҷомеа табдил хоҳад ёфт.

Филми дигаре, ки давоми сол бештар муваффиқият ба даст овард ин филми ҳунарии “Бачаи обӣ” мебошад, ки аз ҷониби коргардони ҷавони тоҷик Файзулло Файзов рӯи экрани синамо омадааст. Филми мазкур ба ҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шветсия ҷоизаи махсуси таваҷҷуҳи ҳакамонро соҳиб гардид. Ҳамзамон филми мазкур ба як қатор фестивалҳои дигар роҳ ёфта, умед  аст аз ҷашнвораҳои низ  ҷоизаҳо ба даст биёрад. Боиси ифтихор ва сарбаланди мебошад, ки дар доираи баргузории 13 умин кинофестивали байналмилалии Тошканд Дурдонаҳои роҳи абрешим рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашт.

Рӯзҳои  кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 29 сентябри соли 2021 дар толори Театри давлатии опера ва балети Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ расман оғоз ёфа буд.

Дар доираи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  филмҳои ҳунарии “Қисмати шоир” ва “Рустам ва Суҳроб”,  “Муаллим”, “Рақси зиндагӣ”,  “Сафари ҳавоӣ”, “Автобус”ва “Хаёлпарастони музофотӣ”-и синамогарони тоҷик манзури ҳаводорони кино гардонида шуданд. Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва  Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҳияи филмҳои муштарак Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Баргузории фестивали филмҳои беовоз, ки   баҳри таҳкими худшиносӣ ва оммавӣ гардонидани синамои миллӣ доир гардид, ба рушди ҳамкориҳои самарабахши синамо заминаи мусоид мегузорад.

Фестивали мазкур  бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат, Донишкадаи Гётеи Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба пойтахти фарҳангии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021  баргузор карда шуд.

Дар доираи баргузории фестивал 3 филми ҳунарӣ ва  3 филми мустанади синамогарони тоҷик,  2 филми ҳунарии  истеҳсоли “Ӯзбекфилм”, 1 филми тасвирии олмонӣ дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри “Ватан” барои доираи васеи алоқамандони синамо ба намоиш гузошта шуданд.

Чунин дастовард ва натиҷаи синамогарони кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз таваҷҷуҳи пайваста ва  дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи синамо гувоҳи дода, минбаъд ин раванд боз ҳам ташаккул меёбад. Ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ва дорои маҳорату малакаи касби дар ин ҷода ва  ғамхори миллату давлат боварї дорем, ки  дар ояндаи наздик бинандаҳоро боз ҳам  таҳия филмҳои хуби ватанӣ интизор аст.