ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН! Дар қисмҳои низомӣ 300 нафар наваскарон Савганди ҳарбӣ ёд карданд

Дар ду қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии қариб 300 нафар наваскарон дар назди афсарони Ватан, падару модарон ва дигар наздикону пайвандон доир гардид. Дар ин бора зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Боқӣ Шарифзода иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад наваскарон бо амр барои қабул намудани Савганди ҳарбӣ бо қадамҳои устувор дар ҷойҳои муайяншудаи маркази майдон саф оростанд, то бо даъвати командирони бевоситаи  ҷузъу томи хеш ба назди онҳо ҳозир гардида, бо ба даст гирифтани матни пурмӯҳтавои савганднома сатрҳои онро ба забон оранд ва бо садоқату самимият ва неруи диловаронаву шуҷоати  ҷавонмардона баҳри пос доштани хоки поки Ватан ва дифоъ аз марзи муқаддасу мардуми шарафманди он савганд ёд намоянд.

Ба ҳамин тартиб дар маросим қариб 300 нафар наваскарони даъвати баҳорӣ дар назди афсарони Ватан, падару модарон ва дигар наздикону пайвандони хеш бо тантанаву лафзи  ҷавонмардона Савганди ҳарбӣ қабул намуданд. Онҳо қавл доданд, ки дар ин роҳи пуршараф, яъне хизмат дар сафи Артиши миллӣ неру ва ҳаёти худро дареғ надошта, то нафаси охирин ба халқу Ватан содиқ мемонанд.

Зикр гардид, ки давоми беш аз як моҳи хизмати наваскарии худ дар қисмҳои низомӣ сарбозон меъёрҳои ойинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ намуда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шуданд.

Дар  ҷараёни чорабиниҳо ҳамзамон як гурӯҳ сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бо ташкили машқҳои тан ба тан, ки баёнгари  ҷасуриву далерӣ ва омодагии доимии онҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аст, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.

Ҷамъомадҳои тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ аз  ҷониби наваскарони даъвати баҳории соли равон дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва таҳти навои оҳангу таронаҳои аҳли ҳунар ба поён расиданд.