«БАЧАИ ОБӢ» ДАР ЛОНДОН

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст,  дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Осиё   миёни 50 филм аз  кишварҳои олам, ки аз  19-ум то 25-уми майи соли 2022  дар Лондон баргузор гардид,  иштирок намуд. Филм дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад ҳикоят мекунад. Инчунин, филм масоили  муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рудхона, кӯлу дарёҳоро дар робита ба гармшавии глобалии иқлим инъикос намудааст. Дар маросими ҷамъбасти ҷашнвора намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ширкат намуда, аз пазироӣ ва писанди алоқамандони синамо шудан ва соҳиби ҷоизаи интихоби тамошобини ҷашнвора гардидани филми ҳунарии «Бачаи обӣ» изҳори хушнудиву қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки минбаъд иштироки бештари филмҳои Тоҷикистон дар ҷашнвораҳои байналмилалии аврупоӣ афзун шаванд, то тамошобини аврупоӣ аз фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллати тоҷик бархӯрдор гардад. Ҷоизаи филми ҳунарии «Бачаи обӣ» барои ҳамаи синамонигорон ва аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» муборак бошад.