ТАВАҶҶУҲ! Маркази миллии тестӣ барои довталабон даври иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доир мекунад

 

12 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе даври иловагӣ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабоне, ки дар даври асосии ИМД иштирок карда натавонистаанд, баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок ба давраи иловагии ИМД то 9 июл муқаррар гардидааст.

Бояд гуфт, ки тибқи «Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавонистанд ва дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои иштирок дар даврии иловагии ИМД чнин муқарор гардидааст: — довталабони беимтиёз 70 сомонӣ, — довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд ё довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва «кӯдакони маъюб» 35 сомонӣ мукарар шудааст. Барои довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола ва маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд ройгон мебошад.

Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 7 июл и соли равон давраи асосии ИМД қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар мамлакат ҷараён дорад.