Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло

Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло
Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло 5- уми марти соли 1992 дар ҷамоати деҳоти Баҳори деҳаи Мачитон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаааст. Соли 2009 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 38 шаҳри Ваҳдатро хатм намудааст. 
Аз соли 2008 то соли 2012 ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи ширкати Care Internetional фаолият намуда , ҳамзамон солҳои 2009-2013 дар Донишкадаи соҳибкори ва хизмат дар факултаи Молия ва қарз бо тахассуси молия ва қарз дар фаъолияти соҳибкорӣ таҳсил намудааст. 
Аспирантура ва магистратураи назди донишкадаи мазкурро бо ихтисоси назорати давлати молияви ва аудит соли 2015хатм намудааст. 
Аз соли 2013 инҷониб дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ фаъолият дорад.