Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар «Кохи Борбад»

Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар «Кохи Борбад»

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулот ва хизматгузориҳои ширкатҳои ватанӣ ҷараён дорад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова қайд кард, ки ҳадаф аз барузории ин чорабинӣ - мусоидат ба истеҳсолкунандагони кишвар дар дарёфти мақоми худ дар бозорҳои дохиливу беруна ва беҳбуди сатҳи муаррифӣ ва шиноспазирии молу маҳсулоти тамға (бренд)-и ватанӣ аст.

Баргузор кардани чунин чорабиниҳо ба роҳандозии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо истеҳсолкунандагон, тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, барқарор намудани робитаҳои судманди корӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони имконпазир ва фармоишгарон ба ширкатҳои рақобатпазири Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти беш аз 30 корхонаву ширкатҳо аз саросари кишвар, аз ҷумла ҶСП «Комбинати шири Душанбе», ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат», ҶСП «Ширин», ҶДММ «Маколли», ҶСП «Сомон фуд», ҶДММ «Эскимо мастер» ва дигар корхонаву ширкатҳои ватанӣ ба маърази тамошову фурӯш гузошта шудаанд.

Маҳсулоти корхонаву ширкатҳои ватанӣ аз маҳсулоти гӯштиву ширӣ, ҳасибу панир, маснӯоти қаннодиву макаронӣ, шириниҳо, афшураҳо (сок), нӯшокиҳо ва хушкмева, ҳамчунин доруворӣ, маснӯоти трикотажӣ, техникаи барқӣ ва маишӣ, маҳсулоти гигиенӣ, масолеҳи сохтмон, қолинҳо ва ғайра иборат аст.

Намоишгоҳ ярмаркаи мазкур то 7 май идома ёфта, натиҷаҳои он ҷамъбаст ва Ширкат (корхона)-и беҳтарину Маҳсулоти беҳтарини сол интихоб карда мешаванд.