Конфронси хабарнигорон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом ёфт

Конфронси хабарнигорон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом ёфт

 Конфронс дар доираи танатанахои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ВМКБ оид ба мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ба анҷом расид. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки яке аз омилҳои пирӯзии сулҳи тоҷикон бар ҷангу хушунати солҳои навадуми асри гузашта- ин ҳамкории ВАО бо ҳукумати қонунӣ ва навтаъсис буд. Ҳарчанд расонаҳои дохилии давлатӣ дар ин солҳо ба таври комил муҷаҳҳаз набуданд, аммо тавонистанд ғояҳои расонаҳои пуриқтидори хориҷиро, ки ҳадафашон идомаи ҷанг ва дар султаи худ нигаҳ доштани ин минтақаи хеле муҳим ва ҳассос буд, ба шикаст рӯ ба рӯ сохта, кишварро аз парокандашавӣ нигаҳ доранд.
Ба гуфтаи директори маркази мазкур, ҳанӯз ҳам ин ҷанги иттилоотӣ дар шакли дигар ва бо воситаҳои боз ҳам замонавию муассир идома дорад. Хабарнигори имрӯза бояд бо технологияи муосири коммуникатсионӣ ошноӣ ва барои кор дар расонаҳои тасвирӣ, чопию савтӣ омода бошад. Худобердӣ Холиқназар даргириҳои дохилии кишвари моро бо даргириҳои давлати ҳамсояи Афғонистон муқоиса карда, гуфт, ки чанде пеш бо як дӯсти афғонам дар бораи сулҳи тоҷикон суҳбат доштам. Вай иқрор шуд, ки шумо Пешво доред ва тамоми мардуми манотиқ аз вай пуштибонӣ мекунанд, аммо дар кишвари мо мардум ҳанӯз пойбанди сиёсати қавмгароӣ мебошанд. Ҳамин аст шикасти мо ва пирӯзии шумо.
Дар конфронси мазкур дар мавзӯъҳои «Мақоми ВАО-и электронии ватанӣ дар инъикоси раванди сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ», «Нақши публитсистикаи сиёсӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.