Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд

Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд

Дар мусобиқоти Grand-Prix оид ба дзюдо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ мекунад. Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки барои иштирок дар ин сабқат Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило ширкат меварзанд.
Ба иттилои Нурулло Лоиқов, ин охирин мусобиқа барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия мебошад.
Ин мусобиқа аз 13 то 15 май бо ҳузури 600 варзишгар аз 98 кишвар дар Қасри варзиши ба номи Балуана Шолакаи Алмаато баргузор мешавад.
Миёни дзюдочиёни тоҷик танҳо Комроншоҳи Устопириён соҳиби роҳхат ба бозиҳои Олимпии соли 2016 мебошад.