Пешвои миллат ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав изҳори ҳамдардӣ намуд

Пешвои миллат ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав изҳори ҳамдардӣ намуд

Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳҳои авбош дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Маскав ба ҳалокат расидаанд, ба Ватан интиқол дода шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, 18 май бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ ҷасадҳои Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин, соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғун ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди тафтиш қарор дорад.