Мулоқоти раиси КМИР бо роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ

Мулоқоти раиси КМИР бо роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ

Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-Котиби иҷроияи ИДМ Гаркун Владимир Гилярович, ки роҳбарии ҳайати  мушоҳидони байналмилалиро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, баргузор гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо масъалаҳои муҳими омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, ошно намуд.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Гаркун Владимир Гилярович дар навбати худ оид ба ҷараёни кори мушоҳидони байналмилалӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалии ИДМ иборат аз 107 нафар хулосаи худро аз рӯи натиҷаҳои мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ рӯзи 23 майи соли равон пешниҳод менамояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ дар фазои орому осуда баргузор мегардад ва ба рушду нумӯи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоид менамояд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 120 нафар мушоҳиди байналмилалиро аз Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва корпуси дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия намудааст. Инчунин ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи сиёсиро зиёда аз 320 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ инъикос менамоянд.