«Сомон Эйр» соҳиби сертификати IOSA шуд

«Сомон Эйр» соҳиби сертификати IOSA шуд

«Сомон Эйр» миёни дигар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) гузашта, сертификати IOSA соҳиб шуд.

Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид.

 Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эвхенио Хайме Манзано сертификати мазкурро 20 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency” аз намояндаи минтақавии Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Джордан Карамалаков қабул намуд.

Эвхенио Хайме Манзано, директори генералии«Сомон Эйр» гуфт, ки дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости аъзогии комилҳуқуқи IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд. Пас аз 8 соли фаъолият «Сомон Эйр» ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи навин дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад.

“Мо аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории ширкат ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони ширкат мебошад, ифтихор намуда аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ширкат бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) умедвор мебошад”-гуфт Эвхенио Хайме Манзано.

Дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 анҷом медиҳад.