«Манчестер Юнайтед» ғолиби Ҷоми Англия гардид

«Манчестер Юнайтед» ғолиби Ҷоми Англия гардид

Дастаи  футболи«Манчестер Юнайтед» баъд аз мушкилию нокомиҳои тӯлонӣ дар мусобиқоти Примйер Лигаи Англия, билохира табъи сармураббии ҳолландии худ Луи Ван Гал ва кулли мухлисонашонро шод намуд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Англия тимҳои футболи «Манчестер Юнайтед» ва «Кристалл Пелас» хеле ҷолибу ҷозиб бо ҳам неру озмуданд ва дар ниҳоят ҷоизаи асосӣ насиби дастаи «Манчестер Юнайтед» гардид.
Бозии ниҳоии Ҷоми Англия дар варзишгоҳи маъруфи «Уэмбли» -и шаҳри Лондон баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 ҷамъбаст шуд. Голи задаи Ҷейсон Панчон дар қисми дуюми бозӣ дастаи «Кристалл Пэлас»-ро ба пеш баровард, аммо дар дақиқаи 81-уми вохӯрӣ Хуан Матта ҳисобро баробар намуд.
Вақти асосӣ анҷом ёфту ҳисоби бозӣ тағйир наёфт ва довар 30 дақиқаи дигар илова намуд.  Дар дақиқаи 105-уми бозӣ муҳофизатгари марказии «Манчестер Юнайтед» Крис Смоллинг барои ду корти зард гирифтанаш аз майдон ронда шуд ва баъд аз 5 дақиқа Ҷесси Лингард голи ҳалкунандаро ба дарвозаи «Кристалл Пэлас» ворид намуду пирӯзии дастаашро дар ин рақобати мушкил таъмин сохт.
Ҳамин тариқ, дастаи «Манчестер Юнайтед» баъд аз 8 соли танаффус боз барандаи Ҷоми Англия гардид. «Манчестер Юнайтед» маротибаи 12-ум аст, ки Ҷоми Англияро соҳиб мегардад.