Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ
таъин намудани Зоҳидӣ Н.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 майи соли 2019
№1261

 ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали
Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания
таъин намудани Ҳомидов Ҷ.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 майи соли 2019
№1262